ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №202 АЗ 25.04.2022
Дар бораи аз мансаби сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе озод намудани Усмонзода Қ.
Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", моддаи 41 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ"
ҚАРОР МЕКУНАМ:
Усмонзода Қосим - сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 25 апрели соли 2022 бо хоҳиши худаш аз мансаби ишғолнамудааш озод карда шавад.
Асос: Аризаи Усмонзода Қ.
Рустами Эмомалӣ