Муовинони Раис
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе
ШАРИФӢ Бахтиёр
*аз 29 январи соли 2025 дар мансаби муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе кор мекунад.
*Соли таваллуд 30 декабри соли 1970
*Ҷои таваллуд шаҳри Душанбе
*Миллат тоҷик
*Таҳсилот олӣ
* соли 1992 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (рӯзона) ва соли 2007 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро (ғоибона) хатм намудааст.
*Ихтисос иқтисодчӣ, муҳандис-иқтисодчӣ
*Унвони илмӣ надорад.
*Кадом забони хориҷиро медонад русӣ, англисӣ
*Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не Бо медали «Хизмати шоиста» аз 28.07.2017, № 3055
*Вазъи оилавӣ оиладор
*Кор ва фаъолияти собиқа:
|
Солҳои 1992-1994 |
Иқтисодчии шуъбаи банақшагирии иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикзолото» |
|
Солҳои 1994-1996 |
Сардори шуъбаи банақшагирии ташкили меҳнат ва маоши Кумитаи металл ва сангҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
|
Солҳои 1996-2002 |
Сардори шуъбаи дурнамо, рушд ва молияи Кумитаи металлҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
|
Солҳои 2002-2003 |
Мутахассиси пешбари шуъбаи саноати коркарди маъданҳои кӯҳии Департаменти саноати маъдан ва металлҳои қиматбаҳои Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
|
Солҳои 2003-2006 |
Сардори шуъбаи металлҳои ранга ва металлургии Департаменти саноати маъдан ва металлҳои қиматбаҳои Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
|
Солҳои 2006-2007 |
Сардори раёсати саноати маъдан ва металлҳои қиматбаҳои Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
|
Солҳои 2007 -2014 |
Сардори раёсати саноати маъдани кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
|
Солҳои 2014-2019 |
Сардори раёсати саноати маъдани куҳӣ ва металлҳои қиматбаҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон |
|
Солҳои 2019-2023 |
Муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон |
|
Соли 2023 (01-04) |
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон |
|
Солҳои 2023-2025 |
Раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон |
|
Аз январи соли 2025 то ҳол |
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе |
Муовини Раиси шаҳри Душанбе
ОДИЛЗОДА Дилбар Раҳим

17 марти соли 1972 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 1994 Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлобро хатм намудааст.
Фаъолияти кориро соли 1994 ба ҳайси омӯзгор дар муассисаи таҳсилоти умумии №28 шурӯъ намуда, то соли 1996 дар ҳамин вазифа кор кардааст.
Аз соли 1997 то соли 2004 дар вазифаи директори муассисаи таҳсилоти миёнаи №15 шаҳри Кӯлоб фаъолият намуда, бинобар сабаби иваз намудани ҷои зист солҳои 2004-2006 дар боғчаи №18-и шаҳри Душанбе ба ҳайси муррабия кор кардааст.
Соли 2006 то соли 2008 ба сифати муррабия дар кӯдакистони №126-и шаҳри Душанбе, соли 2008 то соли 2010 мудири кӯдакистони №127-и шаҳри Душанбе, соли 2010 то соли 2011 муовини мудири шуъбаи маорифи шаҳри Душанбе, соли 2011 мутахассиси пешбар ва муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 2011 то соли 2015 мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, соли 2015 то соли 2017 мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, соли 2017 то 2018 ба ҳайси муовини аввали директор Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2018 то соли 2020 дар вазифаи директори муассисаи давлатии мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб фаъолият намудааст.
Аз соли 2020 то моҳи апрели соли 2022 вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Кӯлобро ба уҳда дошт.
Моҳи феврали соли 2022 муовини Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе
ИСМОИЛЗОДА Нурҷаҳон Ҷамшед

МАЪЛУМОТНОМА
*Соли таваллуд 01.11.1981 *Ҷои таваллуд шаҳри Душанбе
*Миллат тоҷик *Таҳсилот олӣ*Соли 2003 Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ва соли 2022 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
*Ихтисос: Муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқшиносӣ
*Унвони илмӣ: надорад
*Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ
*Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати 6
*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: Медали хизмати шоиста соли 2020
*Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 2 фарзанд
*Суроғаи зист ва рақами телефон: шаҳри Душанбе.
*Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1998-2003 - Донишҷўи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия
Солҳои 2004-2007 - Амалгар-хазиначӣ, роҳбари шуъбаи муштариёни ҶСП "Вавилон - Мобайл"
Солҳои 2007-2010 - Ҷониши Директори иҷроияи ҶСП "Вавилон - Мобайл"
Солҳои 2010-2017 - Директори иҷроияи ҶСП "Вавилон - Мобайл"
Солҳои 2017-2024 - Директори муассисаи давлатии "Рекламаи берунӣ ва ороиш"-и шаҳри Душанбе
Солҳои 2024-2025 муовини якуми раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Аз декабри 2025 то ҳол Муовини Раиси шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе
САЛОМЗОДА Раҳмиддин Салом

*аз 11 марти соли 2025 дар мансаби муовини Раиси шаҳри Душанбе кор мекунад
*Соли таваллуд 5 июли соли 1975 *Ҷои таваллуд Ҷумҳурии Тоҷикистон
*Миллат Тоҷик *Таҳсилот олӣ
*соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба академик М.С. Осимиро хатм кардааст
*Ихтисос иқтисодиёт ва идоракунӣ дар нақлиёт
*Унвони илмӣ номзади илмҳои техникӣ , дотсент
*Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ
*Вазъи оилавӣ оиладор, падари панҷ фарзанд
*Суроға ноҳияи Рӯдакӣ деҳаи Шайнаки – Гадо
Кор ва фаъолияти собиқа:
1992–1993 - муаллими мактаби миёнаи №3-и шаҳри Роғун
1993–1998 - донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ
1998–2000 - мутахассиси дараҷаи II, мутахассиси дараҷаи I, сардори шӯъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи саноати вазнин дар Маркази стандартонӣ, метроголия ва сертификатсияи Тоҷикистон (Тоҷикстандарт)
2000-2002 - аспиранти Донишкадаи автомобил ва роҳи шаҳри Москва, Федератсияи Россия
2000-2002 - референт оид ба протокол, референт оид ба муносибатҳои хориҷӣ дар Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони Иттиҳоди давлатҳои мустақил, шаҳри Москваи Федератсияи Россия
2002-2003 - муҳандиси пешбари шӯъбаи ҳамлу нақли омехта дар Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Спецтяжтранс», шаҳри Москваи Федератсияи Россия
2004-2005 - коромӯзи кафедраи «Ташкили ҳамлу нақл ва идора дар нақлиёт ба номи Л.Л. Афанасев», факултаи «Идоракунӣ»-и Донишкадаи автомобил ва роҳи шаҳри Москва, Федератсияи Россия
2005-2006 - муовини сардори Раёсати рушди асосоҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ҳамкориҳои байналхалқии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
2006-2010 - директори Маркази технологияҳои иттилоотии Тоҷикистону Ҳиндустон ба номи Бедил-и Маркази миллии патенту иттилоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
04-10 соли 2010 - муовини директори Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
2010 – 2012 - ноиби Президенти Ассосиатсия боркашонҳои байналмилалии автомобилии Тоҷикистон
04-06 соли 2012 - муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикхориҷакор»-и Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
06-10 соли 2012 - ходими калони илмии Институти проблемаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз октябри соли 2012 то ноябри соли 2021 - мудири кафедраи «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт»-и факутети «Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба академик М.С. Осимӣ
Аз ноябри соли 2021 то 10 марти соли 2025 - директори Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии автомобилӣ”-и назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- дотсенти (ҳамкор) кафедраи «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт»-и факутети «Иқтисоди соҳаҳо ва идора»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба академик М.С. Осимӣ
Аз 11.03.2025 то ҳозир - муовини Раиси шари Душанбе
Муовини Раиси шаҳри Душанбе
Тоҳирзода Меҳриддин Маҳмадшариф

*Соли таваллуд: 15 феврали соли 1986
*Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон
* Миллат: тоҷик
*Таҳсилот: олӣ
*соли 2008 Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон (рӯзона), *соли 2017 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ғоибона) ва соли 2020 Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро (ғоибона) хатм кардааст.
*Ихтисос: иқтисодчӣ, Низом ва шабакаҳои энергетикии барқӣ - идораи давлатӣ
*Унвони илмӣ: номзади илмҳои иқтисодӣ
*Кадом забонҳои хориҷиро медонад - русї
*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: “Хизмати шоиста”
*Вазъи оилавӣ: оиладор
*Суроға: ноҳияи Данғара, Ҷамоати деҳоти Оқсу
Аз 30 январи соли 2024 дар мансаби муовини Раиси шаҳри Душанбе кор мекунад.
*Фаъолият ва собиқаи корї:
Солҳои 2007-2008 - Хаткашони ҳайати хурди хизматрасонии Раёсати корҳо.
Солҳои 2011-2011- Мутахассиси пешбари Раёсати сохтмони асосии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2011-2012 - Муовини сардори Раёсати корҳои маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва Савдои Ҷумҳурии тоҷикистон
Солҳои 2012-2024 - Ёрдамчии Директори генералӣ, Директор оид ба масъалаҳои молиявӣ, Мушовири Директори генералӣ оид ба татбиқи Консепсия ташаккули ҳукумати электронӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоя
Солҳои 2024-2025 - Директор оид ба инноватсия, рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоя
Аз 30 январи соли 2024 то ҳол муовини Раиси шаҳри Душанбе
Муовини Раиси шаҳри Душанбе
РАҲИМЗОДА Толиб Карим
.jpg)
3 июли соли 1979 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 2000 бо дараҷаи бакалавр, соли 2002 бо дараҷаи магистр Донишгоњи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоњтемурро бо ихтисоси агроном хатм намудааст.
Соли 2000 фаъолияти кориро ба ҳайси агрономи ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ оғоз намуда, то соли 2007 дар вазифаҳои мутахассиси ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «Куктош» (ноҳияи Рӯдакӣ), мутахассиси пешбар, сармутахассиси Бозрасии назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали ҶумҳурииТоҷикистон адои хизмат намудааст.
Солҳои 2007-2008 дар вазифаҳои сармутахассиси Бозрасии махсусгардонидашудаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Хадамоти назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиат, Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Дар солҳои 2008 то 2014 бошад, ҳамчун мутахассиси пешбари шуъбаи назорати истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
Аз соли 2014 то соли 2017 вазифаи сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбероба уҳда дошт.
15 марти соли 2017 муовини Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе
ФАҚЕРЗОДА Рустам Раҳим

*Соли таваллуд: 27 июли соли 1974
*Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон
*Миллат: тоҷик
*Таҳсилот: олӣ
*Ихтисос - иқтисодчӣ, олим – агроном, ҳуқуқи иқтисодӣ
*Забони русиро медонад
*Унвони илмӣ - надорад
Вазъи оилавӣ оиладор
Фаъолият ва собиқа:
Солҳои 1992-1997 Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб
Солҳои 1999-2011 Раиси хоҷагии деҳқонии <<Сорбон>>-и ноҳияи Восеъ
Солҳои 2011-2015 Сармутахассиси раёсати кишоваризии ноҳияи Восеъ.
Солҳои 2015-2022 Сардори раёсати кишоваризии ноҳияи Восеъ
Солҳои 2022-2024 Муовини якуми раиси ноҳияи Восеъ
Аз 30 январи соли 2024 Муовини Раиси шаҳри Душанбе







