Шаҳрҳои шарик
Шаҳрҳои шарик
ХАНҶОУ (Ҷумҳурии Мардумии Чин)
23 августи соли 2023 дар шаҳри Ханҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мардумии шаҳри Ханҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидааст. |
|
ПЕКИН (Ҷумҳурии Мардумии Чин) 21 августи соли 2023 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум оид ба дӯстӣ ва ҳамкори байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расидааст.
|
|
ЧЭНДУ (Ҷумҳурии Мардумии Чин) 18 майи соли 2023, дар шаҳри Сиан «Ёддошти тафоҳум дар бораи истиқрори муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин» ба имзо расидааст. |
|
Москва (Федератсияи Россия) 13 октябри соли 1994 дар шаҳри Москва байни Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Душанбе ва Ҳукумати Москва Созишнома оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ - техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидааст. 29 ноябри соли 1996 дар шаҳри Москва байни Ҳукумати шаҳри Душанбе (ҳоло Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе) ва Ҳукумати шаҳри Москва Созишномаи нав оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ - техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидааст. |
|
Тошкант (Ҷумҳурии Ӯзбекистон) 9 марти соли 2018 Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳокимияти шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ ба имзо расидааст. |