Тоҷикӣ

Маориф

 НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ  САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР СОЛИ 2020

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Барои аҳли маорифи пойтахт соли 2020 давраи хеле ҳассосу пурмасъул, марҳилаи таърихии иҷрои рисолати азалии таълиму тарбияи насли наврас ва расидан ба натиҷаҳои дилхоҳи иҷрои вазифаҳои дар назди соҳа гузоштаи чомеа ва сохторҳои болоӣ ба шумор меравад.

Марҳилаи таърихӣ унвон намудани ин давра аз он иборат аст, ки дар оғози сол соҳаи маориф боз ҳам таҳти назари хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, Фармони дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон намудани солҳои 2020 - 2040” ба тасвиб расид, ки аҳли маориф ин иқдомро ҳамчун падидаи таконбахши рушд дар самти таълиму тарбияи насли наврас истиқбол намуданд.

Ин давраро аз он ҷиҳат ҳассосу пурмасъул арзёбӣ менамоем, ки дар ин давра ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба мушкилоти глобалии пандемияи короновируси нави КОВИД-19 дучор омад, ки ин сироят таъсири худро дар баробари дигар соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ, инчунин ба соҳаи маориф низ расонид. Дар ин асно соли таҳсили 2019-2020 ҷиҳати пешгирии паҳншавии сирояти короновирус пеш аз муҳлат ҷамъбаст ва соли нави таҳсили 2020-2021 аз 17 августи соли равон шуруъ карда шуд. Албатта бо дастгирии давлату Ҳукумати мамлакат, ба хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аҳли маорифи пойтахт тавонистанд, ки ин давраро сарбаландона паси сар намуда, дар ин самт бо дарназардошти пурзӯр намудани ҳолатҳои беҳдоштӣ ва қатъиян назорат бурдани вазъи санитарии муассисаҳои таҳсилотӣ вазифа ва рисолати худро амалӣ намуда истодаанд.

Таҳлили фаъолияти дастгоҳи марказии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар  соли 2020 нишон дод, ки дар ин давра дар Сарраёсат- 236 адад фармоиши кадрӣ ва 145 адад фармоишҳои асосӣ ба тавсиб расонида шуд.

Ба дастгоҳи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар  соли 2020, 9473 адад маводҳои воридотӣ ба қайд гирифта шуда,  иҷроиши онро саривақт пайгирӣ намуда, ба ҳолати дар давраи ҳисоботӣ 1796 ҳуҷҷат вобаста ба иҷрои талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ зери назорат гирифта, дар муҳлатҳои муқарраргардида содирот гардидааст.  

Дар соли 2020 бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хосатан Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корҳои бунёду сохтмон ва таъмиру таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ  бо маром идома ёфтанд.

Айни замон, аз ҳисоби маблағҳои дирексияи иншоотҳои сохтмони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди муассисаи таълимии нав дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсӣ барои 2000 хонанда, сохтмони мактаби зеҳнӣ дар ноҳияи Шоҳмансур барои 640 хонанда, сохтмони муассисаи нави таълимӣ барои 1200 хонанда дар шаҳраки 65-ум, сохтмони муассисаи нави таълимӣ барои 1200 хонанда дар маҳаллаи “Ховарон”, сохтмони муассисаи таълимии №14 дар ноҳияи И.Сомонӣ барои 1100 хонанда, аз ҳисоби маблағҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи И.Сомонӣ дар кӯчаи “Меҳнат” барои 1200 хонанда, аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Шоҳмансур барои 720 хонанда, бинои нави литсейи хусусии “Ҳотам ва ПВ” барои 800 хонанда, сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ барои 1280 хонанда дар маҳаллаи “Меҳробод”, сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ барои 1280 хонанда дар ноҳияи Фирдавсӣ, ҷ/д “Россия”, бинои нави таълимӣ дар кӯчаи М.Турсунзода барои 1280 хонанда, сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ барои 1200 хонанда дар кӯчаи Р. Амакӣ, дар умум барои 12620 хонанда дар як баст ва сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабии №40 дар ноҳияи И.Сомонӣ барои 150 ҷой, сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар кӯчаи А.Дониш барои 600 ҷой, сохтмони ду адад (ҳар яке барои 300 ҷой) муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 600 ҷой, дар умум барои 1350 тарбиягиранда оғоз карда шуда, идома доранд.

Дар умум, баъди ба истифода додани сохтмонҳои ба анҷом мерасида дар як баст 13970 ҷой ва дар ду баст бошад 27940 хонандагон бо ҷойи нишаст таъмин карда шуда, норасоии ҷойи нишаст бо назардошти зиёдшавии аҳолӣ (103%) то соли 2021 ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Дар  соли 2020 ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил 17.09.2020 бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №102-и ноҳияи Шоҳмансур барои 1200 хонанда дар як баст, бинои иловагии Литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 624 хонанда ва хобгоҳ барои 320 ҷой ба маблағи 37 миллион сомонӣ ва 01.09.2020 бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии назди “Мактаби байналмилалӣ” барои 120 ҷой бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2020-2021 137 муассисаҳои таҳсилоти  томактабӣ фаъолият доранд. Аз ин теъдод 92 муассисаи таҳсилоти томактабии буҷетӣ, 33 муассисаи томактабии хусусӣ ва 12 муассисаи томактабии назди корхонаву ташкилотҳо мебошанд.

 Шумораи тарбиягирандагон дар ҷамъбасти соли таҳсили 2020-2021  30026 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 172 тарбиягиранда зиёд мебошад.

Тибқи талаботи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба 30% бояд расонида шавад. Боиси зикр аст, ки фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабии шаҳри Душанбе дар ҷамъбасти соли 2020  ба  34 %  баробар гардидааст.

Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе 1623 нафар мураббиён ва кормандони омӯзгорӣ фаъолият доранд, ки ин нишондод  дар муқоиса бо соли гузашта 20 (1603 нафар) нафар зиёд мебошад.

Дар тобеъияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе муассисаи томактабии №50 ва Хонаи кӯдакони синни томактабии №1 фаъолият менамоянд.

Боиси қайд аст, ки бо мақсади ташаккули инкишофи ҷисмонӣ, зеҳнӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабӣ бо назардошти қобилият, шавқу рағбат ва хусусиятҳои фардии кӯдакон тибқи фармоиши сардори Сарраёсати маориф аз 17.10.2019, №170/2-5 миёни тарбиягирандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ озмуни “Доноякон” ташкил карда шуд. Дар даври шаҳрии озмуни «Доноякон» 31 нафар тарбиягиранда аз 27-ум то 30-юми октябри соли 2020 дар муассисаи томактабии хусусии “Табассуми офтобак”ширкат варзида, чор нафар тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии №№20, 112, 67, 110 ҷойҳои  ифтихориро ишғол намуданд ва 6 нафари дигар барои иштироки фаъолона дар озмуни мазкур бо Ифтихорномаи Сарраёсати маориф ва туҳфаи хотиравӣ (доскаҳои малбертӣ) қадрдонӣ карда шуданд.

Бо мақсади иҷрои нақшаи солонаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар соли 2020 дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии №№ 12, 53, 64, 93, 112, 117, 154, 157 мониторинги сатҳу сифати дониши кӯдакони синни томактабӣ  гузаронида  шуд.

Рафти санҷиши мониторинги сатҳи дониши кӯдакон нишон дод, ки иҷрои талаботҳои Барномаи таълимӣ аз ҷониби масъулони муассисаҳои таҳсилоти томактабии №№12, 53, 64, 93, 117 ба таври зарурӣ амалӣ карда шудааст.

Дар  соли таҳсили 2020-2021 151 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла, 5 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 8 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 135 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ  ва 3 муассисаҳои таҳсилоти ғоибона фаъолият доранд. Аз ин теъдод 129 муассисаи таълимии давлатӣ, 22 муассисаи таълимии ғайридавлатӣ буда, бо фарогирии 212400 нафар хонанда фаъолият дорад.

Айни замон, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе 9442 нафар омӯзгорон фаъолият доранд ва ин нишондод дар муқоиса бо соли гузашта 579 нафар зиёд мебошад.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  27  майи соли 2017, № 262 “ Дар бораи тартиби тақсимот ва ба ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” дар давраи ҷамъбасти соли 2020 ба шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ 163 нафар мутахассисони ҷавон ба ҷои кор ҳозир шуда,  дар асоси фармоиш ба ноҳияи Сомонӣ 33 нафар, ноҳияи Сино 72 нафар, ноҳияи Фирдавсӣ 34 нафар ва ноҳияи Шоҳмансур 24 нафар мутахассисон барои фаъолияти омӯзгорӣ ба муассисаҳои таълимӣ сафарбар карда шуданд.

Бо мақсади баланд бардоштани малакаю маҳорати касбии омӯзгорон ба ҳар як мутахассиси ҷавон омӯзгорони собиқадору пешқадами соҳа вобаста карда шудаанд, ки аз таҷриба ва нозукиҳои касби омӯзгорӣ бархӯрдор  гардонида мешаванд. Инчунин, дар соли таҳсили 2020-2021 8 нафар мутахассисоне, ки тариқи квотаи Президентӣ муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намудаанд, бинобар сабаби иваз шудани ҷои истиқомат ва вазъи оилавӣ дар роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси фармоиш 5 нафари онҳо дар муассисаҳои таълимии №1, 17, 30, 75, 96 ва гимназияи №74 ба ҷои кор таъмин шуда, 2 нафари дигар бо сабабҳои оилавӣ ба ихтиёри Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Норасоии кадрӣ дар соли 2020  16 нафарро аз фанҳои забони русӣ-8 н., физика-1н., химия-1н., математика-3н., биология-1н ва технологияи иттилоотӣ-1н. ташкил медиҳад.

Дар давраи ҷамъбасти соли 2020 дар ноҳияҳои Сино 40 нафар, ноҳияи Шоҳмансур 20 нафар, ноҳияи Фирдавсӣ 21 нафар, ноҳияи И. Сомонӣ 20 нафар ва муассисаҳои тобеи Сарраёсат 15 нафар, дар маҷмӯъ 116 нафар мутахассисони касбӣ ва хатмкунандагони ихтисоси равоншиносӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба кор ҷалб карда шуданд.

Бо назардошти тағйиру иловаҳои ҷаласаи ғайринавбатии ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави короновирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.06.2020  ба тасвиб расид, ки тибқи фармоиши мазкур аттестатсияи хатми хонандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ,  бе иштироки хонандагон баргузор гардида, баҳои аттестатсияи хатм дар асоси баҳои солона аз ҷониби комиссияи аттестатсионии тасдиқгардида гузошта шуд, ки раванди ҷамъбаст ва ҳуҷҷагузории он то 15.06.2020 ба анҷом расонида шуд.

Дар соли таҳсили 2019-2020 дар аттестатсияи аз синф ба синф гузаронӣ  ва хатм дар  синфҳои 2-11 178953 нафар хонанда иштирок намуда, аз он 380 нафар ба аттестатсияи такрорӣ (тирамоҳӣ) мононда шуда, 210 нафар дар синфашон такроран мононда шуданд. Аз шумораи умумии хонандагон 178363 нафар аз аттестатсия гузаштанд. Дар соли таҳсили сипаригардида аз шумораи хатмкунандагони синфи 11 11493 нафар дар аттестатсияи хатм иштирок намуда, 11484 нафар соҳиби аттестати хатм гардида, 9 нафар аз аттестатсия нагузаштанд. Инчунин, шумораи умумии хатмкунандагони синфи 9 15860 нафарро ташкил дода, аз он 15822 нафар соҳиби аттестати хатми  синфи 9 гардида, 11 нафар ба аттестатсияи тирамоҳӣ ва 27 нафар такроран дар синфашон мононда шуданд.

Соли таҳсили 2019-2020-ро бо медали тилло 12 нафар хатмкунандагони синфи 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №21, 24, 55 (2 нафар), литсейҳои №1, 2, 3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, гимназияи №2, гимназияи хусуии “Кафолат”, мактаби байналмилалии Президентӣ, литсей-интернати Президентӣ (2нафар)  ва 1 нафар бо медали нуқра аз  гимназияи хусуии “Кафолат” хатм намуданд.

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо мақсади самаранок гардонидани фаъолият дар самти интихоби касб, инчунин омодагии хонандагон ба имтиҳоноти марказонидашудаи тестӣ  дар назди Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе маркази тестӣ бо 100 адад компютер ташкил карда шуд. Дар ин марказ имтиҳонҳо барои гирифтани стипендияи Раиси шаҳри Душанбе низ гузаронида мешаванд.

 Бо мақсади дар ҳама мавсим самаранок истифода намудани ин марказ Сарраёсати маориф аз 01.10.2019 то 29.10.2019 50% хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11-ро дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиҳонҳои пешакии тестӣ гузаронид.

Самараи тадбиру имконоти фароҳамоварда зимни ҷамъбасти имтиҳонҳои марказонидашудаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ аз 11484 нафар хатмкунанда 9150 нафар хатмкунандагон холи гузаришро ба даст оварда, ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил шуданд.

Ин нишондод нисбат ба соли 2019 (7200 нафар) 16% ва нисбати соли 2018 (7077 нафар) 21 % зиёд мебошад.

Бояд қайд намуд, ки  Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои протоколи ҷаласаи назоратии назди Раиси  шаҳри Душанбе  аз 30.06.2020, №28  банди 3, сархати 8  барои ба танзим даровардани қабули хонандагон аз шаҳру ноҳияҳои гирду атрофи пойтахт дар муассисаҳои таълимии пойтахт дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба бандҳои 42 ва 84 Оинномаи муассисаҳои таълимӣ тағйиротҳо ворид намуд, ки қабули хонандагон ба муассисаҳои таълимӣ танҳо дар ҳудуди маҳалли ҷойгиршавии онҳо бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор, бо қайди ҷойи зист ба роҳ монда мешавад. Вобаста ба масъалаи мазкур то 12.09.2020 аз ҷониби сарраёсат ва шуъбаҳои маориф ба зиёда аз 2800 нафар шаҳрвандон барои қайди зист надоштан дар шаҳри Душанбе ҷавоби рад пешниҳод карда шуд.

Тибқи фармоиши дахлдори сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар моҳи августи соли 2020 комиссияи қабули шаҳрӣ омодагии муассисаҳои таълимиро ба соли нави таҳсили 2020-2021 мавриди омӯзиш қарор дод.

Бояд қайд намуд, ки муассисаҳои таълимии томактабӣ ва миёнаи умумии шаҳри Душанбе дар доираи имкониятҳои молиявии мавҷуда ва бо ҷалби  шахсони саховатпеша синфхона ва биноҳои таълимиро аз таъмири ҷорӣ бароварда, ба соли нави таҳсил омода карда шуданд.

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар давраи сипаригардидаи соли 2020 бо мақсади иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҷиҳати пешгирии оворагардӣ, ҳуқуқвайронкунӣ, муноқишаҳои гурӯҳии хонандагон, худкӯшӣ, шомилшавии наврасону ҷавонон ба гурӯҳои террористиву экстремистӣ, даст задан ба омилҳои коррупсионӣ, ҷамъоварии маблағҳои ғайриқонунӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, гузаштани хонандагони синфҳои болоӣ аз муоинаи тиббӣ  ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии наврасону ҷавонон ва ташаккули  идеологияи солим миёни хонандагони муассисаҳои  таълимии шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Сарраёсати маориф, Хадамоти пешгирии ҳуқувайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо, масъулони  ШВКД дар ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур бо падару модарон, омӯзгорон ва  хонандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид. Аз 3 январ то 21 декабри соли 2020 501 корҳои фаҳмондадиҳӣ бо фарогирии 121 ҳазору 927 нафар падару модар гузаронида шудааст. Сатҳи ҷинояткорӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе 150 ҳолатро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, аз ҷониби Сарраёсати маориф дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҷадвали нақшаи чорабиниҳо омода гардида, аз 1 сентябри соли 2020  баргузории чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ шурӯъ гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати барномаҳои соҳаи маориф чораҳои амалии заруриро роҳандозӣ намуд.

Аз ҷумла:

   Ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30.10.2014, №471-26 оид ба иҷрои “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” 154  адад кабинетҳои лингофонӣ харидорӣ карда шудааст.

Дар соли 2020 шумораи ғолибони  олимпиадаи даври ҷумҳурӣ аз фанни забони русӣ ҳамагӣ 13 ҷой, аз ҷумла 4 нафар ҷойи якум,  3 нафар ҷойи дуюм, 6 нафар ҷойи сеюм, аз фанни забони англисӣ 4 нафар ҷойи якум, 6 нафар ҷойи дуюм ва 1 нафар ҷойи сеюм, ҷамъ 11 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт ғолиб гардиданд.

Дар  соли 2020 95 нафар омӯзгорони фанни забони русӣ ва 52 нафар омӯзгорони забони англисӣ аз такмили ихтисос гузаштанд. Инчунин, 97 нафар омӯзгорони забони русӣ ва 52 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ аз аттестатсияи навбатӣ гузаронида шуданд.

    Вобаста ба иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1.03.2018, №145 “Дар бораи Барномаи рушди соҳаи маорифи шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020” дар соли 2020 ба маблағи 4 млн. 756 ҳазор сомонӣ харидории таҷҳизоти бозии кӯдакон, мебелу курсӣ, таҷҳизоти тиббӣ, технологияи меҳнат, китобҳои бадеӣ, синфхонаҳои инклюзивӣ, истироҳати кӯдакони болаёқат ва иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалию  ҷаҳонӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ  ба маблағи 459100 сомонӣ 5200 рахти хоб, ба маблағи 614000 сомонӣ 1000 адад мизи яктумбадор барои омӯзгорон, ба маблағи 326490 сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ, кабинетҳои таълими меҳнати духтарон ва писарон 23 ададӣ  ва ба маблағи 10000 сомонӣ китобҳои бадеӣ харидорӣ карда шуд.

 Тибқи нақшаи маблағгузории Барномаи давлатии рушди соҳаи маорифи шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020 ба маблағи умумии 15 млн.170 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда шуда, нақшаи соли 2018 - 5млн. 712 ҳазор сомонӣ, иҷроиши он  дар соли 2018 - 6 млн. 70 ҳазору 900 сомонӣ (106%), нақшаи соли 2019 - 4 млн. 701 ҳазор сомонӣ, иҷроиши он дар соли 2019 - 5 млн. 332 ҳазор сомонӣ (113%), нақшаи соли 2020 – 4 млн. 756 ҳазор сомонӣ, иҷроиши он дар соли 2020 - 5 млн. 462 ҳазор сомонӣ (115%) иҷро карда шуда, дар умум иҷроиши нақшаи Барнома - 16 млн. 865 ҳазор сомониро (111%) ташкил медиҳад.

Қарори  Раиси шаҳри Душанбе аз 22.02.2018, №120 “Дар бораи Барномаи таъмини муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” дар соли 2020 барои хариди 21 адад кабинетҳои фаннии (физика 2 адад), (химия 3 адад),  география (9 адад), биология (4 адад) ва математика (3 адад) озмуни харид эълон карда шуда,  иҷро гардид. Дар соли 2018 маҷмӯан 22 адад кабинетҳои фаннӣ харидорӣ шуданд ва дар соли 2019 аллакай 104 адад кабинетҳои фаннӣ дастрас карда шудааст.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе 1029 адад кабинетҳои фаннӣ мавҷуданд,  аз ҷумла, 145 адад кабинети фанни физика, 176 адад кабинети фанни математика, 134 адад кабинети фанни химия, 137 адад кабинети фанни биология, 99 адад кабинети фанни география, 264 адад кабинети фанни технологияи информатсионӣ ва 74 адад кабинети фанни суруд ва мусиқиро ташкил медиҳанд.

    Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 22.02.2018, №120 “Дар бораи Барномаи амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2022” тибқи нақша харидории 772 адад компютер (бо миз) 209 адад тахтаи электронӣ ба нақша гирифта шудааст.

Таҳлили вазъи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ нишон медиҳад, ки дар давраи ҳисоботӣ  муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо 11723 адад компютер таъмин шудаанд, ки ба 10 хонанда як компютер рост меояд.

Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе дорои 1463 адад тахтаи электронӣ ва 1572 адад проектор мебошанд.

    Дар давраи ҳисоботӣ дар доираи нақшаи маблағгузории “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2020-2025” ташкил ва таъсиси 10 адад марказҳои инкишофи кӯдакон, сохтмони 2 адад муассисаи томактабӣ ва харидории таҷҳизот ба нақша гиифта шудааст, ки айни замон дар давраи ҳисоботӣ бунёд ва барқароркунии 39 адад айвончаҳои бозии кӯдаконаи муассисаҳои таҳсилоти томактабии №31 (14 адад), №66 (11 адад), №83 (6 адад) ва №90 (8 адад) барои азнавсозӣ оғоз карда шуда, илова ба ин, 8 адад ҳоҷатхонаҳои беруна низ сохта ба истифода дода шуданд. Корҳои таъмиру тармим дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии №85, 95 ба анҷом расонида шуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар соли 2020  91 адад яхдон ва 30 адад мошинаи ҷомашӯӣ харидорӣ гардида,  дастраси муассисаҳои таҳсилоти томактабии пойтахт карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати омодагии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 фармоиши сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, №89/6 аз 25 майи соли 2020 “Дар бораи тадбирҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе оид ба сари вақт омода намудани муассисаҳои соҳаи маорифи пойтахт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021” ба тавсиб расонида, дастраси шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва муассисаҳои таълимии зертобеъ гардонида шуд. Дар заминаи фармоиши мазкур ситоди фаврӣ дар ҳайати 14 нафар масъулини Сарраёсат ва шуъбаҳои маориф таъсис дода шуд.

     Ба ҳолати моҳи декабри соли 2020  нақшаи пайвастшавӣ, ки 157 муассисаи таълимиро ташкил медод, иловагӣ 8 муассисаи дигар ба қабули нерӯи гармӣ пайваст карда шуд, ки 165 адад (105%)-ро ташкил дод.

Дар асоси Низомномаи олимпиадаҳои фаннии хонандагон, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст ва тибқи фармоиши сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар моҳи январи соли ҷорӣ даври сеюми олимпиадаҳои даставӣ барои наврасон (синфҳои 5-6, 7-8), олимпиадаи фаннии анъанавӣ барои синфҳои 9,10,11, олимпиадаи даставӣ барои синфҳои 9-10, олимпиадаҳои “Spelling Bee” ва “Шоҳмот” муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” ташкил ва баргузор намуд.

Даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии хонандагон дар соли 2020 дар 2 марҳила, аз ҷумла олимпиадаҳои фаннӣ (анъанавӣ) ва номӣ баргузор карда шуданд, ки дар натиҷа дастаи шаҳри Душанбе дар ду олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори 121 ҷойи ифтихорӣ гардид, ки дар минтақаҳои ҷумҳурӣ сазовори мақоми аввал мебошад.

Дар олимпиадаи мазкур дастаи шаҳри Душанбе иборат аз 199 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт ширкат варзиданд, ки аз ин шумора 126 нафари онҳо дар олимпиадаи анъанавӣ ва 73 нафар дар олимпиадаи номӣ сабқати донишу заковат намуда, аз ин шумора 121 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд: 26 медали тилло, 30 медали нуқра, 65 медали биринҷӣ.

Тибқи нақшаи  курсҳои такмили ихтисос ва курсу семинарҳои махсуси Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе дар  соли 2020, 66 курси такмили ихтисос бо фарогирии 1650 нафар омӯзгорон пешбинӣ гардидааст, ки дар асл 84 курси такмили ихтисос бо фарогирии 1974 нафар омӯзгорон ба он ҷалб гардиданд, ки иҷроиши нақша 119%- ро  ташкил дод. 

Дар анҷоми соли таҳсили 2019-2020 сифати дониши хонандагон дар шаҳри Душанбе 42,5 % ва дараҷаи азхудкунӣ 96,9 %-ро ташкил намуда, дар ин замина сифати таҳсилот нисбат ба ҳамин давраи соли таҳсили гузашта 1,6% ва дараҷаи азхудкунӣ 0,5%  баланд   гардидааст. Дар чоряки якуми соли таҳсили 2020-2021 сифати дониши хонандагон ба 45,6% ва дараҷаи азхудкунӣ ба 97% баробар шудааст.

Фарогирии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе дар муассисаҳои таҳсилоти иловагии соҳаи маориф 8345 нафар,  соҳаи фарҳанг 938 нафар ва соҳаи варзиш 2607 нафар, дар маҷмӯъ дар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ вобаста ба самти фаъолият ва тобеияти идорӣ дар  соли 2020 12 249 нафарро ташкил медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки аҳли маорифи пойтахт тасмим гирифтаанд, ки дар доираи чорабиниҳои 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагиро роҳандозӣ намоянд. Инчунин, бояд тазаккур дод, ки аз 31.08.2020, №437 қарори Раиси шаҳри Душанбе  “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба шинонидани ниҳолҳои дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола дар мавсими тирамоҳи соли 2020 ва баҳори соли 2021” ба тавсиб расида, иҷроиши минбадаи он зери назорат қарор дода мешавад. Ба ҳолати 21.11.2020 нақшаи шинонидани ниҳолҳо 2804 адад, ки 21% нақшаро ташкил медиҳад, иҷро гардидааст. Ҳамзамон, 10693 бех гулҳои мавсимию бисёрсола, ки ба 6,8% нақша баробар аст, шинонида шуда, корҳо дар ин самт идома дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ мутобиқи нақшаҳои таҳрезишуда, чорабиниҳои адабию фарҳангӣ, зеҳнию маърифатӣ ва варзишию оммавӣ гузаронида шуданд. Аз ҷумла:

- 30 январи соли 2020 бо 400 нафар омӯзгорони фанҳои тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии ибтидои ҳарбӣ баҳри баланд бардоштани касбияташон  бо иштироки сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва устоди кафедраи психология, факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ёраҳмадов А. дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ноҳияи исмоили Сомонӣ вохӯрӣ гузаронида шуд;

- 22 феврали соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Фаъолияти психологони муассисаҳои таълимӣ, мушкилот ва дурнамо” барои психологони муассисаҳои таълимии пойтахт бо иштироки олимони соҳаи психология ва педагогика баргузор гардид;

- 25 феврали соли ҷорӣ дар толори Муассисаи давлатии “Душанбе-Плаза” барои 200 нафар роҳбарони Созмони хонандагони шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ конференсияи ҷумҳуриявии назариявӣ-амалӣ дар мавзӯи «Созмони хонандагон дастовард ва дурнамои рушд»-ро баргузор  карда шуд;

- тибқи  фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми августи соли 2020, №1976 “Оид ба оғози соли таҳсили 2020-2021 ва тадбирҳои амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли сирояти нави короновирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар сарраёсат, шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии пойтахт Шӯрои ҳамоҳангсоз аз ҳисоби омӯзгорон, мураббиён, падару модарон ва кормандони соҳаи тиб таъсис дода шуд;

- санаи 11.08.2020 ҷиҳати омодагӣ  ба соли нави таҳсили 2020-2021 барои пешгирӣ ва паҳн нагардидани бемории коронавируси навъи “COVID-19” дар муассисаҳои таълимии №65 ва №101  бо масъулини муассисаҳои таълимӣ семинари омӯзишӣ оид ба пешгирии бемории коронавируси навъи “COVID-19” бо иштироки масъулини соҳаи тандурустӣ гузаронида шуд;

- 23.10.2020 озмуни шаҳрии мутолиаи осори бадеӣ таҳти унвони «Бозёфт» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар муассисаи таълимии №65 баргузор карда шуд. Дар озмуни мазкур хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт аз рӯи чор бахш ширкат варзида, чор нафар хонандагон ғолиби бахшҳои озмун гардида, бо Ифтихорномаи Сарраёсати маориф ва туҳфаи хотиравӣ (планшет) қадрдонӣ карда шуданд;

- бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020, №АП-1339 ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ баргузор намудани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” санаи 20-23 октябри соли 2020 дар Муассисаи давлатии Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни мазкур баргузор карда шуд. Дар даври ҷамъбастӣ ва маросими ҷоизасупории озмун  ба 24 нафар хонандагони литсей, гимназия ва муасссиаҳои таълимии ноҳияҳои пойтахт ва 2 нафар омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор шуданд,  бо ифтихорнома ва туҳфаҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардида, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд. Дар озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” шаҳри Душанбе сазовори 38 ҷойи ифтихорӣ гардиданд, ки 14 нафарашон хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт мебошанд;

- бо назардошти вазъияти кунунӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ролики омӯзиширо барои кӯдакони синни томактабӣ оид ба қоидаҳои беҳдоштӣ омода намуд, ки дар васоити ахбори омма ва сомонаҳои иҷтимоӣ инъикос шуда истодааст. Ролики мазкур тавассути дискҳо ба тамоми муассисаҳои таҳсилоти томактабии пойтахт дастрас гардид.

   

 

 

  



Илова кунед