ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №357 АЗ 13.07.2022
Дар бораи гузаронидани озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин»
Бо мақсади иҷрои банди 59 нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29 декабри соли 2021, №791 тасдиқ гардидааст ва инчунин сазовор таҷлил намудани ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Ҷиҳати муайян намудани беҳтарин маҳалла ва кӯча бахшида ба ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» гузаронида шуда, дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст карда шавад.
2. Ҳайати Комиссияи шаҳрӣ барои муайян намудани ғолибони озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин», Низомномаи гузаронидани озмун ва меъёрҳои муайян намудани маҳалла ё кӯчаи беҳтарин тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шавад.
3. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи ноҳия баргузор намудани ҳамин гуна озмунҳо ва то 10 августи соли 2022 ҷамъбаст намудани натиҷаҳои он тадбирҳои зарурӣ андешанд.
4. Комиссияи шаҳрӣ натиҷаҳои озмунҳоро бо дарназардошти номзадҳои аз тарафи комиссияҳои ноҳиявӣ пешниҳодгардида то 20 августи соли 2022 ҷамъбаст намояд.
5. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати мукофотонидани ғолибони озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» - 22 000 (бисту ду ҳазор) сомонӣ ва «Кӯчаи беҳтарин» - 22 000 (бисту ду ҳазор) сомонӣ дар соли 2022 ҷудо намояд.
6. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳаи ободонӣ ва бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври тантанавӣ ба ғолибони озмунҳо супоридани мукофоти пулӣ ва Дипломи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо зикри соли баргузории озмун, навиштаҷоти «Маҳаллаи беҳтарин» ё «Кӯчаи беҳтарин» тадбирҳои зарурӣ андешанд.
7. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти баргузории озмунро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.
8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ