НИШАСТҲОИ МАТБУОТИИ НОҲИЯҲОИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ ВА СИНОИ ПОЙТАХТ БАРГУЗОР ГАРДИДАНД.
ш.Душанбе. 21.07.2022. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар даври ҳисоботӣ ҷиҳати иҷрои талаботи Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта, ба дастовардҳои шоён ноил гардидааст. Дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ 30 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 19 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 гимназия, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ маблағгузорӣ карда мешавад ва дигар литсейю гимназияҳои шаҳрӣ ва мактабҳои хусусӣ, фаъолият менамоянд. Дар нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ таъкид шуд, ки дар арафаи соли нави хониш дар ноҳия 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 1 муассисаи таҳсилоти томактабӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия дар моҳҳои январ-июни соли 2022 ба маблағи 169,4 миллион сомонӣ муқаррар шуда, дар воқеъ ба буҷети маҳаллӣ 169,4 миллион сомони ворид гардид, ки иҷроиши он 100 фоиз мебошад.
Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар ин давра ба маблағи 184,4 миллион сомонӣ иҷро шуд, ки 98,3 фоизи нақшаро ташкил медиҳад – иттилоъ дода шуд зимни нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе. Боиси қайд аст, ки буҷети маҳалии ноҳия аз рӯи пардохти маоши кормандони муассисаҳои буҷетӣ, пардохти кумакпӯлӣ ба хонандагон аз оилаҳои ниёзманд, пардохти кумакпӯлӣ ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, хӯрокворӣ, доруворӣ, пардохти ҷории суғуртаи иҷтимоӣ ва пардохти хизматрасонии коммуналии муассисаҳои буҷетӣ қарздор намебошад. Дар ҳудуди ноҳия 27 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо истеҳсоли 73 намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Дар моҳҳои январ-июни соли 2022 аз ҷониби корхонаҳои саноатии ноҳия дар маҷмуъ ба маблағи 641,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2021 ба маблағи 151,1 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он ба 126,6 фоизро ташкил медиҳад – қайд гардид зимни баромади роҳбарияти ноҳияи Синои пойтахт.