Тоҷикӣ

ИТТИЛОИЯ

01 Августи 2022, Душанбе

   Ба иттилои шаҳрвандон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ расонида мешавад, ки вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, Инстаграм, Ватсап, Вайбер, Телеграм, Твиттер ва ғайра ба унвонии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ саҳифаҳои иҷтимоии қалбакӣ боз гардида, истифодабарандагони шабакаи иҷтимоӣ, бахусус мардуми шарифи Тоҷикистон ва берун аз онро ба гумроҳӣ мебаранд. 

Аз ҳамаи шаҳрвандон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳиш карда мешавад, ки ба ин саифаҳои қалбакии кушодашуда, ба истилоҳ «фейкҳо» эътибор ва бовар накунанд.

Барои ҳаллу фасли мушкилоту ниёзмандиҳо ба почтаҳои электронии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон majmilli@rs.tj, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе dushabe80@yahoo.com, сомона ва саҳифаҳои расмӣ www.dushanbe.tj, фейсбук: @DUSHANBECAPITAL,  инстгарам:  dushanbe_officialвайбери мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 985-95-22-22 муроҷиат ва дархосту андешаҳои худро нависанд.

Илова кунед