Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №443 АЗ 22.08.2022

22 Августи 2022, Душанбе

   Дар бораи гузаронидани озмуни шаҳрии «Сафои хонадон» дар самти тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологӣ дар шаҳри Душанбе 

   Бо мақсади иҷрои банди 10 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифатии экологии аҳолии шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025» ва мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                                           ҚАРОР МЕКУНАМ:

    1. Ҷиҳати муайян намудани беҳтарин оила вобаста ба тарбия ва маърифати экологӣ, озмуни шаҳрии «Сафои хонадон» дар самти тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологӣ байни сокинони пойтахт баргузор карда шавад.

    2. Низомномаи озмуни шаҳрии «Сафои хонадон» дар самти тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологӣ, ҳайати Комиссияи шаҳрӣ ва сметаи хароҷотии озмун тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.

    3. Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози озмуни мазкур муқаррар гардида, ҷиҳати ташкилу ҷамъбасти он бо ҳайати комиссия ва сохторҳои дахлдор ҳаматарафа чораҷӯӣ намояд.

    4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда тибқи замимаи 3 ба суратҳисоби Раёсати кор бо занон ва оила ҷиҳати мукофотонидани ғолибон 27 100 ( бисту ҳафт ҳазору сад сомонӣ)-ро ҷудо намояд.

    5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси рафти баргузории озмуни мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

    6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

    7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соња гузошта шавад.

                                                                                                      Рустами  Эмомалӣ 

   

Илова кунед