Тоҷикӣ

ЭЪЛОН: ТАНЗИМИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ХАТСАЙРҲОИ НАҚЛИЁТИ МУСОФИРБАРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

30 Августи 2022, Сешанбе

 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шуруъ аз санаи 1 сентябри соли 2022, дар нақшаи ҳаракати хатсайри автобусии №33 тагйирот ворид гардида, фаъолияти автобусҳо тавассути кӯчаву хиёбонҳои Мастонгулов, А. Дониш, Дӯстии халқҳо, Н. Муҳаммад, Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Шотемур, Қ. Раҳимов, Меҳнат, Шарқ, Лоиқ Шералӣ, Рӯдакӣ ва Ҳофизи Шерозӣ то бозори Кушониён ба роҳ монда мешавад. 

   Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири тамғаи "АКИА" истифода баранд. 

    Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.  

 

Илова кунед