Тоҷикӣ

"ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАВЛАТӢ ВА АРЗИШҲОИ ВОЛОИ ОЗОДӢ": ҶАМЪОМАДИ БОТАНТАНА

06 Сентябри 2019, Ҷумъа

ш.Душанбе. 06.08.2019. Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Дар ҷамъомад роҳбарият ва кормандони сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои ҷумҳуриявю шаҳрӣ иштирок доштанд.
Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр матни табрикоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба ифтихори 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  ба самъи иштирокчиёни расонд.
Дар маърӯза ва суханрониҳои ширкаткунадагони маҷлиси тантанавӣ  мавзӯъҳои вобаста ба моҳияти истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои волои озодӣ, ташаккули сохти конститусионӣ, арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ, нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, рушди иқтисоди миллӣ, татбиқи чаҳор ҳадафи стратегӣ, инчунин дастовардҳои беназири истиқлолияти давлатӣ матраҳ гардиданд.
Тавре гуфта шуд, истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардидаанд.
Тазаккур дода шуд, ки тайи солҳои истиқлолият таҳти сиёсати роҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи ислоҳоти фарогир дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат, корҳои бунёдкориву созандагӣ - сохтмону таҷдиди инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ, иншооти энергетикӣ, роҳу нақлиёт ва дигар иқдомоти созанда вусъат пайдо карданд.
Ҳоло ба шарофати хизмати аҳлона ва заҳмату талошҳои халқи азизамон таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се ҳадафи стратегии миллӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба марҳалаи ниҳоии худ наздик расидааст. Ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии мамлакат бо маром идома дорад. 
Имрӯз дар доираи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиву иҷтимоӣ барои солҳои 2016–2020 ҷиҳати аз мамлакати аграриву саноатӣ ба кишвари саноативу аграрӣ табдил додани Тоҷикистон заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
Дар ин раванд, ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нав, ба роҳ мондани истеҳсоли намудҳои нави маҳсулоти рақобатпазиру ивазкунандаи воридот, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, тақвияти иқтидори содиротии кишвар ва ташкили ҷойҳои кории пурмаҳсул ҳамаи тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.
Ҳоло давлати озоду соҳибихтиёри мо дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалати шоиста буда, ҷаҳониён иқдому ташаббусҳои сулҳҷӯёнаву созандаи онро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.
Пазируфтани ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон дар масъалаҳои вобаста ба об аз маъруфияти кишвари мо дар саросари олам дарак медиҳад.
Ташаббуси чоруми Тоҷикистон доир ба ҳалли яке аз мушкилоти ҷиддитарини башарият таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид, ки соли гузашта татбиқи амалии он оғоз гардид, дар давоми даҳ  соли минбаъда дар миқёси сайёра роҳандозӣ мешавад.
Бояд махсус таъкид намуд, ки соли ҷорӣ пойтахти кишвари соҳибистиқлоли мо ба макони баргузории чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ табдил ёфт.
Баргузории Саммити У  Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо иштироки роҳбарон ва ҳайатҳои воломақоми 27 кишвари олам моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе шаҳодати барҷастаи ин гуфтаҳост.   
Боиси хушҳолист, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ симои пойтахти давлати тоҷикон - шаҳри Душанбе ба куллӣ дигаргун шуда, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорону ашхоси бонангу номуси он амалҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд.
Таъсиси корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, марказҳои варзишӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо ва инфрасохтори хизматрасонӣ боиси рушди босуръати пойтахти маҳбубамон гардид.
Изҳори боварӣ гардид, ки сокинони шаҳри Душанбе минбаъд низ бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандорӣ корҳои ободониро дар пойтахти азизамон вусъати бештар бахшида, Душанберо, воқеан ҳам, ба шаҳри зебову пешрафта табдил дода, собит месозанд, ки тоҷикон дар тӯли таърихи худ мардуми шаҳрсозу шаҳрдору шаҳрнишин буданд.

Илова кунед