ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №468 АЗ 02.09.2022
Дар бораи ҷудо намудани маблағ
Бо мақсади таҷлили ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати расонидани кумаки моддӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе, ки дар ободонии пойтахт саҳми арзанда мегузоранд ва ба ятимону маъюбон ва камбизоатон, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаҳои 8 ва 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар таҷлили ҷашни 31-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби сарпарастон, фондҳои хайрия ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ, дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ расонидани кумаки моддӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва шахсони яккаву танҳо тадбирҳо андешанд.
2. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе маблағи 6 812 299 (шаш миллиону ҳаштсаду дувоздах ҳазору дусаду наваду нуҳ) сомонӣ, ҷиҳати расонидани кумаки моддӣ, аз ҷумла 169 000 (як саду шасту нуҳ ҳазор) сомонӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда мутобиқи замимаи 1, маблағи 4 524 000 (чор миллиону панҷсаду бисту чор ҳазор) сомонӣ ба раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе мутобиқи замимаи 2 ва маблағи 2 119 299 (ду миллиону як саду нуздаҳ ҳазору дусаду наваду нуҳ) сомонӣ ба КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира, ва фуруши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», ки ба ятимону маъюбон ва камбизоатон кумак расонидааст тибқи замимаи 3 ҷудо намояд.
3. Тақсимот ва супоридани маблағҳои аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар банди 2 ҳамин қарор зикршуда тавассути бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои шаҳр то 8 сентябри соли 2022 тариқи зерин ба роҳ монда шавад:
- ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда аз ҷониби муовинони Раиси шаҳри Душанбе, сарпарастони ноҳияҳои шаҳр бо иштироки намояндагони мақомотҳои молияи шаҳри Душанбе ва кормандони раёсатҳои Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматии онҳо;
- ба кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе, дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби муовинони Раиси шаҳри Душанбе, сарпарастони ноҳияҳои шаҳр бо иштироки намояндагони мақомотҳои молияи шаҳри Душанбе.
- Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблағҳои ҷудошударо бо тартиби муқарраргардида таъмин созад.
- Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
- Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ