МАРОСИМИ БОТАНТАНАИ ГУСЕЛИ ҶАВОНОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПОЙТАХТ.
01 Октябри 2022, Шанбе
ш.Душанбе. 01.10.2022 октябр дар робита ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» маросими ботантанаии гусели ҷавонон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Ба ин муносибат Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 7 сентябри соли 2022, №478 «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995 - 2004 ба хизмати ҳарбӣ» ба имзо расида, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар муассисаи давлатии Амфитеатри «Аҳорун»-и шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ ва маъракаи гусели наваскарон аз шаҳри Душанбе ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат баргузор гардид.
Дар Ҳамоиши мазкур, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати мудофиа, Кумитаи кор ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ,роҳабарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, масъулини сохторҳои марбутаи шаҳр, комиссариатҳо ва қисмҳои ҳарбӣ, падарону модарони даъватшудагон ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода хозиринро ба Рӯзи даъватшаванда табрик ва муборакбод намуда, минатдории самимии Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарм Рустами Эмомалиро ба ҷавонони навдаъватшуда ва волидайни онҳо, ки барои сафарбар гаридан ба хизмати ҳарбӣ хозир шуданд расонид.
Иброз гардид, ки барои тарбия намудани ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар аз бедор намудани эҳсоси ватандӯстӣ дар замири ҷавонон яке аз воситаҳои муҳими тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон ба ҳисоб рафта, дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа нақши калидиро мебозад ва яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар қарор дода шудааст. Боиси ифтихор аст, ки ҷавонони саодатманди мо обу хоки сарзамини биҳиштосо, неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату истиқлолияти миллӣ, ҳифзи якпорчагии Ватани азиз, ҳимояи боэътимоди сарҳадоти давлатӣ ва манфиатҳои миллатро аз ҳама чиз боло медонанд ва ба ин арзишҳо эҳтироми хоса доранд.
Дар идома зикр гардид, ки бунёд ва таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ва дар корномаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи дурахшоне мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили амният ва истиқлоли мамлакат ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо такя ба меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои марбута муҳофизати Ватан ва дифоъ аз манфиатҳои мамлакатро вазифаи асосии давлат ва кори кулли мардум муайян намуда, тамоми масъалаҳои вобаста ба таҳкиму такмили артиши миллӣ, фаъолияти он, омодагии доимии ҷангии қӯшунҳо ва ҳаёти ҳарбиро дар маркази диққати худ қарор дода, барои боз ҳам беҳтар кардани шароити хизмат ва аҳволи моддию маишии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамоянд.
Дар ин радиф, муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Абусаттор ва муовини Раиси Кумитаи кор ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода таъкид доштанд, ки ҷавонон дар воқеъ нерӯи пешбар ва созанда мебошед ва итминон дорем, ки дар кори ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва сулҳу осоиши мамлакат аз худ масъулиятнокӣ зоҳир менамоед. Корнамоиҳои беҳамтои ҷавононро дар барқарор кардани ҳукумати конститутсионӣ махсусан қайд карда, бар он мутмаинем, ки шумо ҷавонони азиз ҳамчун қувваи бузург қодир ҳастед дар ҳалли тамоми масъалаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми беназири худро гузошта, дар такмили Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи боэътимоди Сарҳади давлатӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ саҳм мегузоред.
Воқеан, барои насли ҷавони кишвар яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт, ин хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.
Дар ин маросим ҳамчунин, ба даъватшудагон, ки аз чор ноҳияи шаҳр дар ин рӯз сафарбар гардиданд, ҳуҷҷати хатми ронандагӣ тақдим гардид.
Ҳамзамон, Раҷабалиева Гулнисо дар симои фарзандаш-Зарипов Зарифҷон, ки аз Комисарияти ҳарбии ноҳияи Сино сафарбар мегардад, аз номи тамоми модарон дуои хайр дода, маросими «Нонгазон» дар чорабиниро анҷом дод.
Дар идома намоиши машқҳои ҳарбӣ ва варзишӣ аз ҷониби сарбозон сурат гирифта, дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ барномаи консертӣ пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки сол то сол сафи ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд, зиёд гардида истодааст. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам рушд додан ва фароҳам сохтани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои мақсаднок меандешад».
Ҷавонони сарбаланди тоҷикро мебояд, ки ба Ватан содиқона хизмат намуда, барои ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодиамон бо ҳушёрию далерӣ ва мардонагӣ омода бошанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз созанд.