Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №586 АЗ 28.10.2022

28 Октябри 2022, Ҷумъа

Дар бораи баргузор намудани III – юмин Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» бахшида ба 30 – солагии  Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, тарғиби ғояҳои дӯстию таҳаммулпазирӣ миёни ҷавонон, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»,

                                                                  Қ А Р О Р   М Е К У Н А М:

   1.Бахшида ба 30 – солагии  Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябр то 14 ноябри соли 2022          III – юмин Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» баргузор карда шавад.

2.Нақшаи чорабиниҳо, тартиби баргузорӣ, ҳайати кумитаи тадорукот ва харҷномаи баргузории фестивал тибқи замимаҳои  1, 2, 3 ва 4 тасдиқ карда шаванд.

3.Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе тибқи замимаи 2 барои гузаронидани фестивали мазкур маблағи 41500 (чилу як ҳазору панҷсад) сомонӣ ба Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.

4.Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳр, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳриву ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани фестивал тадбирҳои зарурӣ андешанд.

5.Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе» ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар рӯзҳои баргузории фестивал чораҳои зарурӣ андешанд.

6.Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» якҷо бо муассисаи давлатии «Телевизиони варзиш» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории фестивалро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

7.Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

8.Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                                        Рустами Эмомалӣ

Илова кунед