ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №660 АЗ 08.12.2022
Дар бораи даъват намудани иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум
Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум 22 декабри соли 2022, соати 900 дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ - 40 даъват карда шавад.
2. Ба рӯзномаи иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:
2.1. Оид ба лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе, барои соли 2023 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2021.
2.2. Дар бораи татбиқи «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» ва иҷрои нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт.
2.3. Дар бораи ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе оид ба натиҷаи ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023.
2.4. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.
3. Барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ тибқи замимаи 1 таъсис дода шавад.
4. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум тибқи замимаи 2 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум то санаи 19 декабри соли 2022 таклифҳои мушаххасро пешниҳод намоянд.
5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо тартиби муқарраргардида муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба самъи сокинони пойтахт расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия воридгардидаро ба гурӯҳи корӣ манзур созад.
6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Т.Н. гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ