ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №20 АЗ 23.01.2023
Дар бораи тасдиқи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2023
Бо мақсади таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2023 тибќи замима тасдиқ карда шавад.
2. Муовини якум ва муовинон Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор баргузории чорабиниҳоро дар муҳлати муқарраргардида таъмин намоянд.
3. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти татбиқи ҷадвали мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҷри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ