ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №555 АЗ 11.09.2019
Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи кушоди варзишии пойгаи аспдавонӣ бахшида ба ҷашни 28–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади ташвиқу тарғиб, рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»
Қ А Р О Р М Е К У Н А М:
1. Мусобиқаи кушоди варзишии пойгаи аспдавонӣ бахшида ба 28–умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 14 сентябри соли 2019, соати 1500 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.
2. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҳайати Кумитаи тадорукот, тартиби баргузорӣ ва харҷномаи мусобиқа тибқи замимаҳои №1, 2, 3 ва 4 тасдиқ карда шаванд.
3. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М., муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии зикршуда чораҳои зарурӣ андешад.
4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби махсуси дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои гузаронидани пойгаи аспдавонӣ бахшида ба 28–умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи 51800 (панҷову як ҳазору ҳаштсад) сомонӣ ҷудо намояд.
4. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо Кумитаи тадорукот, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи «Пойга ва бузкашӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даъват ва ҷалби беҳтарин аспсаворон аз корхонаҳои асппарварии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
5. Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таъмини асбобҳои пахши садо ва ташкили барномаи фарҳангӣ бо ҷалби ҳунармандони беҳтарин дар ҷойи баргузории мусобиқаи зикргардида тадбирҳои мушаххас андешад.
6. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт ва дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани мусобиқаи мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
7. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории мусобиқаи мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М. гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ