Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №79 АЗ 27.02.2023

27 Феврали 2023, Душанбе

Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи байналмилалӣ оид ба слалом таҳти унвони «Тоҷикистон – слалом опен» бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз - 2023

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз, ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»,

                                                        ҚАРОР  МЕКУНАМ:

 1.   Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба слалом таҳти унвони «Тоҷикистон – слалом опен» аз санаи 20 то 24 марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз – 2023 баргузор карда шавад.

2.   Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳайати кумитаи тадорукоти мусобиқаи мазкур тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.

3.   Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои И.Сомонӣ, Сино ва роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ ва дигар сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи зикршуда чораҳои зарурӣ андешанд.

4.   Хароҷотҳои молиявии баргузории мусобиқаи байналмилалӣ оид ба слалом дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Федератсияи қаиқронии слаломи Россия тавассути Федератсияи қаиқронии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.

5.   Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳаи иҷтимоӣ, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо кумитаи тадорукот, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи қаиқронии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даъват ва ҷалби беҳтарин варзишгарони кишварҳои хориҷӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

6.   Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб барои таъмини асбобҳои пахши садо ва ташкили барномаи фарҳангӣ бо ҷалби ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон дар ҷойи ифтитоҳ ва баргузории мусобиқаи зикргардида тадбирҳои мушаххас андешад.

7.   Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, қоидаҳои беҳдоштӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани мусобиқаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

8.   Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории мусобиқаи мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

9.   Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                         Рустами Эмомалӣ

Илова кунед