Тоҷикӣ

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ НУҲУМ ОИД БА ҲАМКОРИИ БАЙНАМИНТАҚАВИИ ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ, ДАР БАХШИ ДУШАНБЕ-МОСКВА

02 Марти 2023, Панҷшанбе

   ш.Душанбе.02.03.2023. Имконоти фаррохи сармоягузорӣ, ташакули механизми судманди тиҷоратӣ, тақвияти соҳа бо роҳи ҳавасмандгардонӣ ва як қатор омилҳои дигари рушди равобит имрўз дар заминаи Конфронси нуҳум оид ба ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия, дар бахши Душанбе-Москва самтҳои нави ҳамкориҳои дуҷониба матрањ гардид. Дар ин бахш, ки ба муайянсозии имконот ва дурнамои рушди ҳамкориҳо байни шаҳрҳои Душанбе ва Москва нигаронида шуда буд, сармоягузорӣ, ҳамкорињои мутақобилаи иқтисодӣ, низоми идоракунии иноватсионӣ ва комуникатсияи шаҳри баррасӣ гардиданд. Ҳамоҳангӣ барои татбиқи нақшаҳои мукаммали рушд. Имконот ва роҳҳои маблағгузорӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани технологияи муосир дар идоракунӣ бо намунаи иноватционӣ муаррифӣ гардида, дар раванди татбиқ мубодилаи таҷрибаи ҳамдигарӣ зарур дониста шуд. Душанбе-Москва бо самтҳои нави ҳамкориҳои дуҷониба:-Ҳамоиши навбатӣ дар заминаи Конфронси нуҳум оид ба ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия дар баробари намояндагони расмии сохторҳои давлатӣ, ҳамзамон соҳибкорону сармоягузорон ва хосса муаллифони лоиҳаҳои муосири технологиву иноватсиониро дар идоракунии механизмҳои инфрасохторӣ ба ҳам овард. Душанбе: - пойтахти Тоҷикистон имрӯз чун шаҳри рӯ ба рушд ва татбиқкунандаи технологияи комуникатсионӣ бо дастоварду имконоти фарох таваҷҷуҳро ба худ ҷалб мекунад. Ин, аст ки дар доираи ҳамоиш бо такя ба навъовариҳо ва имконоти мавҷуда барои боз ҳам бештар ҷорӣ кардани технологияи иноватсиониву иттилоотӣ аз ҳарду ҷониб-Душанбе ва Москва лоиҳаҳои ҷадид муаррифӣ ва пешниҳод шуданд. Татбиқи тавафуқоти мавҷуда бо тасмимҳои нав – ин раванд, ки аз рўи шарикии боэътимоди байнињам босубот идома дорад, сарфи назар аз таъсири омилњои беруна имрўз низ бо нишондињандањо бањогузорї мешавад.
Дар доираи ҳамкориҳои мутақобила, имрўз низ намояндагиҳо омодагии устувор баҳри мубодилаи таҷриба баён намуданд. Дар ҳошияи бахши “Душанбе-Москва” - самтҳои нави ҳамкориҳои дуҷониба, роҳҳои густариш ва заминагузорӣ барои роњандозии нақшаҳои нав бо дарназардошти имконоти сармоягузорӣ баррасӣ гардид. Конфронси нуҳум оид ба ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия, соњибкорону сармоягузорони тољику русро дар формати нав “Рў ба Рў” ба ҳам оварда, сатҳи кунунии равобити иқтисодиву тиҷоратиро миёни пойтахтҳои ду кишвари дорои муносибатҳои стратегӣ Тоҷикистону Русия низ таҳким хоҳад бахшид. Таҳкими босуботи равобит миёни шаҳрҳои Душанбе ва Москва, ки бо татбиќи барнома ва наќшањои иқтисодию тиљоратӣ идома доранд, назаррас арзёбӣ мегардад, ин аст, ки ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла энергетика, саноат ва нақлиёту комуникатсия аз рўи тарҳҳои судоварӣ тиҷоратӣ ба миён гузошта шуданд. Майдони ҳамкориҳо: Сармоягузорӣ, рушди тиҷорату иқтисод ва самарабахшии иртибототи дуҷониба, ки дар ҳамоишҳои васе ва ҳам гуфтугӯи хосса дар формати В+В баррасӣ гардид, дар заминаи мулоқоти “Душанбе-Москва” самтҳои нави ҳамкориҳои дуҷониба, дурнамо ва ояндаи неки ҳамкориҳоро бо таваффуқоти навбатӣ асоснок гардонид.

Илова кунед