ЭЪЛОН: ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ҲАРАКАТИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ
Ба маълумоти меҳмонон, шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт расонида мешавад, ки тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе корҳои сохтмонӣ дар иншооти «Азнавсозии хиёбони Б.Ғаффуров (аз хиёбони Ҷ.Расулов то кӯчаи А.Навоӣ)» амалӣ шуда истодааст. Бинобар сабаби оғозӣ корҳои сохтмонӣ дар қисмати шарқии хиёбони Б.Ғаффуров аз кӯпрук – гузаргоҳи кӯчаи А.Ғуломов то кӯчаи Шамсӣ, аз 18.03.2023, соати 22:00 ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти руи замини муввақатан қатъ карда мешавад.
Аз ин лиҳоз аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузошташударо риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати он, аз ҷумла хиёбонҳои А.Сино, И.Сомонӣ, Н.Махсум ва кӯчаҳои А.Ғуломов, Шамсӣ, М.Шерализода, Маяковский, Багоутдинов, Бунёдкорон истифода баранд.