Тоҷикӣ

ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД, БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ”

20 Марти 2023, Душанбе

ш.Душанбе. 20.03.2023. Бо мақсади иҷрои нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши пойтахт, ҷамъбасти мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони касбу кори гуногуни сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” дар толори Муассисаи давлатии “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои бозиҳои варзишӣ” баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур, муовини раиси шахри Душанбе, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одилзода Дилбар Раҳим, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Рахимзода Шоҳзод Абдулфатоҳ, сардори Шуъбаи дастаҳои мунтахаби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимов Суҳроб, мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Саидов Саидҷалол ва Директорони мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе иштирок доштанд.
Ҷамъбасти мусобиқа бо сухани ифтитоҳи ва табрикотии Муовини раиси шахри Душанбе, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одилзода Дилбар Раҳим оғоз гардид.
Ёдрас мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур 35 даста аз сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе байни ҳам сабқат намуда, ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо медалу диплом, маблағҳои пулӣ ва “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” ки аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе омода гардидаанд, сарфароз гардонида шуданд.
Ғолибони мусобиқа:
Ҷойи якум 10 000 сомонӣ:
Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Душанбе
Ҷойи дуюм 7 000 сомонӣ:
Раёсати минтақавии гумруки дар шаҳри Душанбе
Ҷойи сеюм 5 000 сомонӣ:
Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Илова кунед