Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №188 АЗ 12.04.2023

12 Апрели 2023, Чоршанбе

Дар бораи ҳавасмандгардонии ғолибони озмуни стипендияҳои Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёну унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмиву тадқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе

Бо мақсади ҳавасмандгардонии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёну унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмиву тадқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», ва моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                                        ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1. Рӯйхати барандагони стипендияҳои Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёну унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмиву тадқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2022 – 2023, ки мутобиқи протоколи Комиссияи озмуни стипендияҳо аз 10 апрели соли 2023, №2 муайян шудааст,  тибқи замимаи 1 тасдиқ карда шавад.

2. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе  ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои сарфароз гардонидани барандагони стипендияҳои мазкур дар соли таҳсили 2022-2023 маблағи 700 200 (ҳафтсад ҳазору дусад) сомонӣ тибқи замимаи 2 ҷудо намояд.

3. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҷиҳати дар фазои тантанавӣ бо шаҳодатнома ва маблағҳои стипендияҳои Раиси шаҳри Душанбе сарфароз гардонидани ғолибон чораандешӣ намоянд.

4. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблағи ҷудогардидаро мувофиқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд.

5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкур ва ҷараёни баргузории чорабиниҳоро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                            Рустами Эмомалӣ

 

Илова кунед