Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №354 АЗ 24.06.2023

24 Июни 2023, Шанбе

Дар бораи баргузор намудани даври дуюми Озмуни қаннодӣ ва ҳалвопазӣ дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои банди 31 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ва иҷрои банди 30 қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 январи соли 2023, №20 «Дар бораи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо барои соли 2023», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                                    ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.  Ҳайати Комиссия, харҷнома ва нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории Озмуни қаннодӣ ва ҳалвопазӣ дар шаҳри Душанбе тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2 ва 3).

2. Муовини Раиси шањри Душанбе - сарпарасти соҳа, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Озмуни қаннодӣ ва ҳалвопазӣ дар шаҳри Душанбе тадбирҳои дахлдорро амалӣ намоянд.

3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби  Фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе маблағи 16860 (шонздаҳ ҳазору ҳаштсаду шаст) сомониро тибқи харҷномаи замимагардида ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.

4. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд.

5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории Озмуни мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монанд.

6.  Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

7.  Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе-сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                           Рустами  Эмомалӣ

 

Илова кунед