ИТТИЛОИЯ
ш.Душанбе. 12.09.2023. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вобаста ба паҳн гардидани хабарҳо оиди бартараф намудани хонае, ки дар он Қаҳрамони Тоҷикистон, шоир Мирзо Турсунзода мезист, иттилоъ медиҳад, ки хабари паҳнгардида асоси воқеӣ надошта, дар бораи бартараф намудани он аз ҷониби Мақомот ягон тасмим гирифта нашудааст.