Тоҷикӣ

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО МАРАТ ҲУСНУЛЛИН

29 Сентябри 2023, Ҷумъа

ш.Душанбе. 29.09.2023. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Марат Ҳуснуллин, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот намуданд.
Дар оғози суҳбат ҷонибҳо аз вазъи феълии робитаҳои дуҷониба, муносибатҳо ва сатҳи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия, ки бо саъю талоши Роҳбарони ду давлат бемайлон рушд доранд, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Зикр гардид, ки байни ду давлат ҳамкорињои устувор дар соҳаҳои мухталиф ба роҳ монда шуда, робитаҳои байналмилаливу байниминтақавӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ тавсеа меёбанд.
Дар ин зимн, нақши робитаҳои байнипарламентӣ ҳамчун шохаи муҳими муносибатҳои тоҷикистонию россиягӣ арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои рушду таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла иқтисоди рақамӣ, ҷалби сармоя, инноватсия ва технологияҳои нав, саноат, кишоварзӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, ки аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд, андешаронӣ карда, дар ин раванд нақши калидии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро таъкид намуданд.
Вобаста ба густариши робитаҳои байниминтақавӣ ҳамкории фаъоли тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангии шаҳри Душанбе бо шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ва дигар минтақаҳои Федератсияи Россия, инчунин ҳавасмандии шаҳрдории пойтахт ҷиҳати рушди мунтазами ҳамкории бисёрҷонибаи байни пойтахтҳо дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, зикр гардид.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед