ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №37 АЗ 25.01.2024
Дар бораи таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади таҷлили бошукӯҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар доираи иҷрои банди 66 Нақшаи кори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2024, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29 декабри соли 2023, №729 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
Қ А Р О Р М Е К У Н А М :
1. Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории «Карнавали Наврӯзӣ» ва ҳайати Кумитаи тадорукот оид ба баргузории «Карнавали Наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
2. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намоянд.
3. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рўзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеъ ва рафти татбиқи қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳаи иҷтимоӣ гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ