Тоҷикӣ

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ОЗМУНИ СТИПЕНДИЯ ВА ҶОИЗАИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРОИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ, МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБӢ, ОЛИМОН ВА МУҲАҚҚИҚОНИ ҶАВОНИ МУАССИСАҲОИ ИЛМИВУ ТАДҚИҚОТИИ ҲУДУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

05 Апрели 2024, Ҷумъа

ш.Душанбе. Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзоёни Комиссия иштирок намуда, Одилзода Дилбар Раиси Комиссияи озмун дар робита ба дастгириҳои бевостаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар заминаи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ намуд.
Котиби Комиссия Раҳимзода Шоҳзод – сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе таъкид намуд, ки дар асоси Низомнома дар бораи Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмиву тадқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе, ки бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе тасдиқ шудааст, давоми моҳҳои январ-марти соли 2024 тавассути тамоми воситаҳои ахбори омма озмун эълон карда шуд. Дар ин самт чораҳои мушаххас амалӣ карда шуда, ба унвонии котиботи Комиссия-Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар муҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои довталабон аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмиву тадқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе пешниҳод гардиданд.
Инчунин дар ҷаласа аз ҷониби Раиси Комиссия ва аъзоёни он Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 ноябри соли 2022, №611 озмун барои дарёфти ҷоизаи Раиси шаҳри Душанберо барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Дар ҷаласа ҳамчунин ҳуҷҷатҳои зарурии баргузории озмунҳои Стипендия ва Ҷоиза бо ҳамовозии аъзоёни Комиссия аз ҷониби Раиси Комиссия тасдиқ карда шуд.
Дар ҷаласа ҳамчунин ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани озмун ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштирокчиён аъзои комиссия вазифадор гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки даври ноҳиявии озмун аз 28 март то 2 апрели соли 2024 доир гардида, даври шаҳрии озмун бо инобати давталабони пешниҳоднамудаи ноҳияҳо 8-9 апрел миёнаи донишҷӯён ва 11-12-13 апрел миёнаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 14 апрел ҷиҳати натиҷагирии стипендия миёни олимону муҳаққиқон ва довталабони ҷоизаи Раиси шаҳри Душанберо барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ доир мегарданд.
Ғолибони озмунҳо дар чорабинии бошукуҳ бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, дар ваъзияти тантанавӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Илова кунед