ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЛОИҲАИ РЕКСҶЕН ДАР ПОЙТАХТ
ш.Душанбе. 24.06.2024. Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, рушди ҳамкориҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо КВД “Шаҳри ҳушманд” лоиҳаи “Rexgen” – (Рексҷен) ба кор оғоз кард. Лоиҳаи мазкур сабти қоидавайронкуниҳо оид ба таваққуфи нодурусти воситаҳои нақлиёт дар истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятии ҳудуди шаҳри Душанберо дарбар мегирад. Ин низом бо истифода аз иншооти дорои таҷҳизоти сабти видео ва аксбардорӣ ҳолатҳои қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла таваққуфи нодурусти автомобилҳо дар истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятиро сабт мекунад. Камераҳо қоидавайронкуниро дар вақти аслӣ ба навор гирифта, барои мушаххас кардани навъи қоидавайронкунӣ ба марказ интиқол медиҳанд. Сабти навор, аксгирӣ, ошкорсозии қоидавайронкунӣ ва ҷаримабандӣ вазифаи асосии камераҳои ҷамъияти “Насли дигар” мебошад. Ин низом дар шаҳри Душанбе давра ба давра дар се марҳилаи татбиқ мегардад. Марҳилаи аввали он 24-уми июни соли 2024 расман мавриди баҳрабародӣ қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи лоиҳаи (Рексҷен) сардори Раёсати БДА ВКД ҶТ, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарияти КВД “Шаҳри ҳушманд”, намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон ва ҶДММ “Рексҷен – Насли дигар” иштирок намуданд. Ба меҳмонон технологияи муосири истифодашуда дар иншооти наворбардории канори роҳ муаррифӣ ва дар бораи имкониятҳои интеллектуалии он маълумот дода шуд. Дар утоқи марказии корбарӣ Ҷеф Ҷон, директори ҶДММ “Рексҷен – Насли дигар” самаранокӣ ва тавонии низоми интеллекти сунъиро муаррифӣ кард. Сардори Раёсати БДА ВКД ҶТ таъкид намуд, ки фаъолияти низоми нави сабти қоидавайронкунӣ имкон медиҳад, ки мушкилоти ташкили таваққуфи сунъӣ дар дохили истгоҳи найқлиёти ҷамъиятӣ бартараф шавад ва низоми дурусти ҳаракати нақлиёт дар пойтахт таъмин гардад. Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини раиси шаҳри Душанбе изҳори умедворӣ кард, ки бо ба фаъолият оғоз кардани ин лоиҳа таваққуфи нақлиёт дар дохили истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ ба танзим медарояд.