Тоҷикӣ

МУЛОҚОТИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО МАРАТ ҲУСНУЛЛИН

04 Октябри 2024, Ҷумъа

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Марат Ҳуснуллин мулоқот анҷом доданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо вазъи имрўза ва дурнамои муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Федератсияи Россия дар сиёсати хориҷии кишвари мо мавқеи муҳим дошта, нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ дар ин самт хеле назаррас аст.

Ҳамчунин зикр гардид, ки ҳамкории байнипарламентӣ байни ду кишвар тамоили мусбати рушд дорад. 

Ҷонибҳо зарурати идомаи талошҳои муштаракро ҷиҳати тавсеа ва фаъолгардонии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ иброз намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима гардиданд.

Илова кунед