Тоҷикӣ

БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНӢ БА МУНОСИБАТИ "РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН" ВА "РӮЗИ ОМӮЗГОРОН" ДАР ПОЙТАХТ

04 Октябри 2024, Ҷумъа

ш.Душанбе. 04.10.2024. Имрӯз дар толори Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим бахшида ба "Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Рӯзи омӯзгорон" ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарону кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони мақомоти қонунгузорӣ, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, аҳли илму маорифи пойтахт, собиқадорони соҳа, иштирочиёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ҷашни фархундаи Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ табрику муборакбод намуданд.
Қайд гардид, ки забони давлатӣ дар тӯли таърих миллати тоҷикро аз нестшавӣ эмин нигоҳ дошта, муҳимтарин унсури давлатдорӣ дар замони муосир маҳсуб мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз касби Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ мақоми давлатиро касб намуд.
Бояд қайд намуд, ки ҳамасола Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.
Ба муносибати ҷашнҳои мазкур як қатор омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф ва илм, собиқадорон ва ҷавонон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои Раиси шаҳри Душанбе, нишони Аълочии маориф ва илм ва сипосномаҳои соҳавӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар идомаи ҳамоиш барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони маъруфи кишвар пешкаши иштирокчиён карда шуд.

Илова кунед