ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ, БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ
05 Октябри 2024, Шанбе
Ҳамватанони азиз!
Сокинони муҳтарами пойтахт!
Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ифодагари арзишҳои маънавӣ ва оинаи ибратбахши рӯзгори мо - тоҷикон аст, самимона табрик мегӯям.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар таҳти сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доираи истифодаи забони нобу шоиронаи тоҷикӣ ба таври куллӣ вусъат гирифта, он дар бахтномаи миллат – Конститутсияи Тоҷикистон ба сифати забони давлатӣ эътироф ва дарҷ гардид.
Забон ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллӣ буда, чун ҷисми зинда барои афзудани тавонмандии худ ба ғамхориву пуштибонии пайвастаи давлату ҷомеа ниёз дорад.
Мавриди зикри хос аст, ки далели бостонӣ будани миллати тоҷик ва забони тоҷикӣ ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни ориёӣ дар осори зиёди илмиии донишмандону олимони баландпояи ҷаҳонӣ исботи худро ёфтааст.
Давлат бе забон вуҷуд дошта наметавонад ва забон шиносномаи давлат ва гузашта аз ин, яке аз муқаддасоти асосии он мебошад.
Аз ин рӯ, эҳтироми забони модарӣ, таърих, фарҳанг ва тамаддуни миллӣ - ин эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни кулли башар ва омили муҳимми таҳкими ҳамгироиву ҳамкорӣ миёни халқҳои гуногун мебошад.
Бори дигар Рӯзи забони давлатиро ба кулли мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ самимона табрик гуфта, орзуманди он ҳастам, ки минбаъд низ ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯсти Тоҷикистони азиз тамоми саъю талоши худро барои ҳифзу нигоҳдорӣ ва рушду инкишофи забони давлатӣ равона менамояд.
Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони гиромӣ!