БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ ҶИҲАТИ ДАР САТҲИ БАЛАНД ГУЗАРОНИДАНИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИДИ МЕҲРГОН, ФЕСТИВАЛ-НАМОИШИ МАҲСУЛОТ ВА ТЕХНИКАИ КИШОВАРЗӢ»
18 Октябри 2024, Ҷумъа
Дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо роҳбарии муовинони Раиси шаҳри Душанбе, Абдураҳмонзода Абдураҳмон ва Фақерзода Рустам ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкил ва баргузор намудани «Иди Меҳргон, фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ» ҷаласаи корӣ доир гардид.
Зимни ҷаласа қайд гардид, ки ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, №АП-470 супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон аз 10 октябри соли 2024, №39650(28) ва қарори раиси шаҳри Душанбе аз 6 феврали соли 2024, №59 “Иди Меҳргон, фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ”, “Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯшӣ асал”, “Оши палов” намоиш ва фурӯшӣ шолӣ ва биринҷ ва “Иди себ ва ангур” санаи 20 октябри соли 2024 дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи А. Фирдавсӣ”- и шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
Дар робита ба ин, ба тамоми сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва масъулини соҳа барои омодагии ҷиддӣ ва таҷлили бошукӯҳи ин чорабини дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.