Тоҷикӣ

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ "КОНСТИТУТСИЯ КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ОМИЛИ РУШДИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН"

30 Октябри 2024, Чоршанбе

ш.Душанбе. 30.10.2024. Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи таҷлили ҷашни 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” имрӯз дар толори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Конференсияи илмӣ - назариявӣ таҳти унвони “Конститутсия кафили ҳуқуқу озодҳои инсон ва омили рушди тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар кори конференсия муовини Раиси шаҳри Душанбе - Одилзода Дилбар Раҳим, Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Обидов Фозил Саидович, Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон – Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Исмоилов Шавкат Маҳмудович иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар фарҷом як қаттор омӯзгорону донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳ барои иштироки фаъолонаашон дар чорабиниҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ бо сипосномаю ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Илова кунед