ЭЪЛОН: МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
ЭЪЛОН:
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе озмуни “Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи шаҳри Душанбе”-ро эълон менамояд.
Хоҳишмандон метавонанд маводҳои худро ба суроғаи шаҳри Душанбе, х.Рӯдакӣ 40, Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ирсол намоянд.
Талаботи асосии иштирок дар озмун:
Дар озмун танҳо намояндагони ВАО-и давлатӣ иштирок карда метавонанд, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шуда бошанд;
Барои иштирок дар озмун довталаб бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод
намояд:
- дархост барои иштирок дар озмун;
- пешниҳоди мавод дар бораи дастовардҳои шаҳри Душанбе (дар флэшкорт);
Барномаи телевизионӣ ва радиоӣ на кам аз 18 дақиқа ва на беш аз 30 дақиқа ва мақола бошад дар ҳаҷми на кам аз 3 саҳифа (саҳифаи газета) бошад ва дар он дастовард, рушди соҳаҳои гуногуни пойтахт ва саҳми Раиси шаҳр дар ободу зебо гардидани шаҳри Душанбе возеҳу равшан инъикос ёфта бошад;
Ҳар як товталаб танҳо як барнома ё мақола пешниҳод карда метавонанд.
Муҳлати охири қабули барномаҳо то 24 ноябри соли 2024, соати 17:00.