КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ: “НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН”
09 Декабри 2024, Душанбе
ш.Душанбе. 09.12.2024. Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пойтахт” дар ҳамкорӣ бо шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон» баргузор карда шуд.
Конфронси мазкур бо иштироки аъзои Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пойтахт”, роҳбарони кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, олимону коршиносон ва намояндагони воситаҳои охбори омма доир карда шуд.
Дар кори Конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон» муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, Роҳбари датсгоҳи КИ ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода, доктори илмҳои фалсафа – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гафҳар Шарофзода, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Аҳтамзода Абдуалим ва Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “П
ойтахт” иштирок ва доир ба Нақшаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкиму густариши навлатдории навини тоҷикон ибрози андеша намуданд.
Дар доираи баргузории Конференсияи мазкур хатсайри сайёҳӣ ташкил карда шуда, боздиди иштирокчиёни он аз бинои нави Парлумони Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.