ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ “БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КИТОБҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ” ДАР ПОЙТАХТ
10 Январи 2025, Ҷумъа
ш.Душанбе. 10.01.2025. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, имрӯз Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни шаҳрии “Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат” бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, роҳбарони сохторҳои шаҳрӣ, муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт, ҳайати ҳакамон аз ҳисоби олимону донишмандон ва ғолибону иштирокчиёни озмун баргузор гардид.
Дар чорабинӣ зикр гардид, ки мақсад аз баргузории озмуни «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат», ин арҷгузорӣ ба Истиқлолияти давлатӣ, сулҳ ва ризоияти миллӣ, мактаби давлатдорӣ, ваҳдатофаринӣ, инсондӯстӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳи иштирокчиён ба озмун зиёд гардида, дар он хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, хизматчиёни давлатӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа иштирок намуданд.
Сипас, ба ғолибони озмун аз рӯйи се номинатсия: 1. Гурӯҳи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва умумӣ Хайруллоева Файзигул хонандаи МТМУ №53-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷойи якум, Бахталиева Малика хонандаи МТМУ №70-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷойи дуюм, Ҳакимова Мадина хонандаи Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ҷойи сеюм, 2. Гурӯҳи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Сафарова Ҳалима Маҳмадёровна донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷойи якум, Тоиршои Қадамшо донишҷӯи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон ҷойи дуюм, Бегова Адиба донишҷӯйи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ҷойи сеюм, 3. Гурӯҳи хизматчиёни давлатӣ ва омма Ниёзов Дилшод омӯзгори Гимназияи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ҷойи якум, Саидова Фазилатмо ходими калони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷойи дуюм, Муҳамадаминов Самандар омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи МТМУ №65-и ноҳияи Шоҳмансур ҷойи сеюм гардида, ғолибони ҷойи якум бо маблағи пулии 5 ҳазор сомонӣ, ҷойҳои дуюм 3 ҳазор сомонӣ ва ҷойҳои сеюм бо 2 ҳазор сомонӣ ва диплом қадрдонӣ гардиданд. Инчунин, ба ҳайати ҳакамон ва 6 нафар иштирокчии фаъол Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим гардид.