ПАЁМ РОҲНАМОИ МО БА СӮЙИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА!!!
30 Январи 2025, Панҷшанбе
ш.Душанбе. 30.01.2025. Имрӯз дар Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе, бо иштироки гурӯҳи таблиғотӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ баромадҳо намуда, перомуни моҳият ва муҳтавои паём мулоҳизаҳо карданд.
Қайд гардид, ки паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хоса дошта, он ҳамчун заминаи конститутсионӣ ва ҳуқуқии ташаккули стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули сиёсати муосири давлат хеле бузург ва муассир арзёбӣ мегардад.
Дар Паём нишондиҳандаҳои муҳимтарини давлат ва ҷомеа сабт, самтҳои рушди минбаъдаи давлат ва ҷомеа муайян, идомаи мантиқии сиёсати давлат инъикос ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти давлатӣ муайян карда мешаванд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари аҳамияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ доштанаш, инчунин аҳамияти махсуси ахлоқиву тарбиявӣ низ дорад.
Ҳамчунин давоми рӯз вохӯрии дигар бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии пойтахт сурат гирифт.
Дар чопабинӣ дарҷ гардид, ки суханону андешаҳои пурмуҳтаво ва пандомези Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни ироаи паёмҳояшон дар бораи таълиму тарбия, илму маориф, ватандӯстиву ватанпарастӣ, саховату эҳсон, адолати иҷтимоӣ, эҳтироми наздикону пайвандон, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти қонун ва амсоли онҳо боиси баланд гардидани масъулият ва ҳисси милливу ватандӯстӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат мебошад.
Ҳамин тариқ вохӯриву мулоқотҳои судманд вобаста ба шарҳу тавзеҳи паём дар корхонаву муассисаҳои пойтахт идома хоҳанд ёфт.