ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №448 АЗ 07.07.2025
Дар бораи андешидани чораҳои иловагӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣдар кӯчаҳои А.Дониш, С.Айнӣва хиёбони Рӯдакӣ
Баҳри иҷрои супориши Раиси шаҳри Душанбе аз 19 июни соли 2025, №66-97 бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣҳангоми гузаронидани корҳои сохтмонии иншооти «Таъмири асосии кӯчаҳои протоколӣ (аз VIP-зали ҶСК «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе то кӯчаи Карамов»), мутобиқи моддаҳои 19, 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 17, 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», моддаҳои 7, 20, 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
- Бо инобати анҷом додани корҳои сохтмонии иншооти «Таъмири асосии кӯчаҳои протоколӣ (аз VIP-зали ҶСК «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе то кӯчаи Карамов)» аз 8 июли соли 2025 то 30 сентябри соли 2025 ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣмарҳила ба марҳила, муваққатан қатъ карда шавад.
- Вобаста ба муқаррароти банди 1 қарори мазкур Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамот-расон», шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе самти ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофирбарро, ки дар кӯчаи А.Дониш (аз кӯчаи М.Мастонгулов то кӯчаи С.Айнӣ), кӯчаи С.Айнӣ(аз кӯчаи А.Дониш то хиёбони Рӯдакӣ) ва хиёбони Рӯдакӣ(аз кӯчаи С.Айнӣто кӯчаи Карамов) мегузаранд, ба воситаи кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаи хатсайрҳои нақлиёти автомобилии мусофирбар муваққатан таѓйироти дахлдор ворид намоянд.
- Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсозию истеҳсолӣва озмоишӣ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вобаста ба таѓйири самти ҳаракати нақлиёт дар мувофиқа бо шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузоштани аломатҳои роҳ ва дигар лавҳаҳои иттилоотию огоҳкунандаро барои ронандагони воситаҳои нақлиёт таъмин намоянд.
- Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат тадбирҳои мушаххас андешад.
- Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсозию истеҳсолӣва озмоишӣ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, барои танзими алоқаи мунтазами нақлиётӣдар қитъаи роҳи иншооти мазкур, инчунин бе монеа даромадани воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ, милитсия ва хадамоти оташнишонӣба минтақаҳои атрофи иншооти сохташаванда чораҳои зарурӣандешанд.
- Роҳбарони идора, ташкилот, муассиса, корхона ва субъектҳои хоҷагидорие, ки дар шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вазифадор карда шаванд, ки бобати ҳалли масъалаҳои марбут ба хатҳои муҳандисии иншооти мазкур ба пудратчӣ– Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсозию истеҳсолӣва озмоишӣ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамаҷониба ҳамкорӣнамоянд.
- Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва муовини Раиси шаҳри Душанбе -сарпарасти соҳаи нақлиёт гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ







