ЭЪЛОН: ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ҲАРАКАТИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба маълумоти ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилгард, шаҳрвандон ва меҳмонон мерасонад, ки бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмонии иншооти «Таъмири асосии кӯчаҳои протоколӣ (аз VIP-зали ҶСК «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» то кӯчаи Карамов) дар хиёбони Рӯдакӣ, қитъаи аз кӯчаи Карамов то кӯчаи С.Носиров, тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи андешидани чораҳои иловагӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ», ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт аз соати 2000 рӯзи 18 июли соли 2025 муваққатан қатъ карда мешавад.
Аз ин лиҳоз, аз ронандагонӣ воситаҳои нақлиёт, шаҳрвандон ва меҳмонон хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузошташударо риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати он истифода намоянд.







