ЭЪЛОН: ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ҲАРАКАТИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба маълумоти ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилгард, шаҳрвандон ва меҳмонон мерасонад, ки бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмону азнавсозии иншооти «Азнавсозии кӯчаи В. Маяковский (аз кӯчаи Шестопалов то кӯчаи А. Ғуломов)», қитъаи аз кӯчаи А. Ғуломов то кӯчаи Раҳимӣ тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи андешидани чораҳои иловагӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёти автомобилӣ», ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт аз 21 июли соли 2025 қатъ карда мешавад.
Аз ин лиҳоз, аз ронандагонӣ воситаҳои нақлиёт, шаҳрвандон ва меҳмонон хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузошташударо риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати он истифода намоянд.







