Тоҷикӣ

ИҶЛОСИЯИ ПАНҶУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ

17 Марти 2026, Сешанбе

ш.Душанбе.17.03.2026. Имрӯз дар пойтахти мамлакат иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум, таҳти роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардид.

Дар кори иҷлосия муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тасдиқ намуданд.

Нахуст, оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқи ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии раќамњои №2 ва №21, гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот шунида шуд.

Дар идомаи маҷлис вакилон ваколати вакилон аз ҳавзаҳои интихоботии рақамҳои №32 ва №47-ро пеш аз муҳлат қатъ карданд.

Бинобар ин, бар ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии рақамҳои №32 ва №47, санаи 20 майи соли 2026 интихобот муайян гардида, комиссияи шаҳрии интихобот таъсис дода шуд.

   Сипас рафти иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар шаҳри Душанбе ва Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба он муовини Раиси шаҳри Душанбе гузориш дод.

     Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ҷиҳати вусъат додани корҳо дар самти татбиқи босамари Нақшаи чорабиниҳои барномаи мазкур дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамчунин таъкид гардид, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар њама бахшҳои иқтисоду хизматрасонї,  љалби қарзҳои имтиёзнок барои фаъолияти соҳибкорї ва љалби муњољирони мењнатї, ҷавонону занони бекор ба рушди ҳунарҳои мардумӣ тамоми имкониятњои мављударо сафарбар намоянд.

   Вакилон дар идома, татбиқи «Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» дар шаҳри Душанбе ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самтро муҳокима намуда, вобаста ба ин масъала ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин робита ба муовини Раиси шаҳри Душанбе - сарпарасти соҳа якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки ҷиҳати иҷрои босифати барнома ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти сиёсати давлатии табияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҷалби бештари сокинон ба тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиши касбӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Њамчунин дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор барои тарбияи дурусти варзишгарон ва дарёфти чењрањои наву боистеъдод аз тамоми имкониятњои муњайёгардида истифода намоянд.

    Вакилон ҳамчунин як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар масъалаи кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ намуданд.

Дар ҷамъбасти кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳозиринро ба муносибати фарорасии Иди саиди фитр ва ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику шодбош гуфта, изҳори боварӣ намуданд, ки мардуми сарбаланди пойтахт бо баргузории корҳои созандагиву ободонӣ баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани пойтахти азизамон ва пеш аз ҳама дар сатҳи шоиста таҷлил намудани ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Бо ҳамин иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум, кори худро анҷом дод.

Илова кунед