«ШАҲРИ АФСОНАҲО»: БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТИИ КӮДАКОНАИ СОЛИНАВӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
ш.Душанбе. 28.12.2019. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-фароғатии кӯдаконаи солинавӣ таҳти унвони "Шаҳри афсонаҳо" доир гардид.
Чорабинӣ дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ таҷлил намудани фарорасии Соли нави мелодии 2020 ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасони пойтахт ташкил гардида, дар он наздики 2000 кӯдакони ятиму бепарастор, аз оилаҳои ниёзманд, таълимгирандагони мактаб-интернатҳо ва хонаи кӯдакон иштирок доштанд.
Толори Сирки давлатӣ бо тарзи хоси солинавӣ оро дода шуда, дар он рамзи асосии соли нави мелодӣ насб гардида буд.
Барномаи идонаро бо сухани муқаддимавӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода ифтитоҳ намуда, паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2020 ба унвони тамоми кӯдакони пойтахт расонд.
Дар идома, барномаи рангини солинавӣ таҳти унвони «Шаҳри афсонаҳо», ки дар асоси ҳикояи Убайди Зоконӣ "Муш ва гурба" дар шакли намоиши театрикунонидашуда, ки аз бозиҳои афсонавӣ, суруду тарона ва рақсу навоҳои дилнишин дар васфи "Тоҷикистон", "Душанбе", "Шаҳри афсонаҳо", "Соли Муш" ва ғайра иборат буд, бо иштироки беш аз 500 нафар ба маърази тамошо гузошта шуд.
Бо пешниҳоди барномаи театрикунонидашуда ҳунармандон, ки қаҳрамонҳои гуногуни афсонавиро васф мекарданд, иштирокчиёни хурдсолро ба дунёи рангини тахаюлот ва афсонаҳои кӯдакии худ ворид менамуданд.
Барномаи фарҳангӣ-фароғатиро шогирдони мактабҳои мусиқӣ, ансамблҳои бачагонаи пойтахт, кормандони Сирки давлатии Душанбе ва дигар гурӯҳҳои эҷодӣ бо ҳунари волои худ боз ҳам рангину дилкаш намуданд.
Суруду тарона ва саҳначаҳои шавқовару рангин аз ҷониби кӯдакон бо самимият ва шодию фараҳ истиқбол гардиданд.
Дар баробари ин, шодию хурсандии иштирокчиён ва ҳунармандони хурдсоли чорабиниро туҳфаҳои солинавии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки дар ҷараёни чорабинии фарҳангӣ ба ҳамаи иштирокчиён тақдим карда шуданд, дучанд гардонид.