ЭЪЛОН: ИФТИТОҲИ ХАТСАЙРИ НАВИ АВТОБУСИИ №20 ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шурӯъ аз 8-уми январи соли 2020 хатсайри нави автобусии №20 (маҳаллаи Пахтакор - собиқ мағозаи Волга) (ДОК) ба фаъолият оғоз менамояд. Автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути хиёбону кӯчаҳои Борбад, Шестопалов, Н.Қарабоев, С.Шерозӣ, Ҷ.Икромӣ, Бухоро, М.Турсунзода, Беҳзод, Д.Халқҳо ва С.Айнӣ ҳаракат мекунанд.
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири тамғаи «АКИА» истифода баранд. Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи кортҳои нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.