Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №37 АЗ 31.01.2020

03 Феврали 2020, Душанбе

  

Дар бораи Тартиби татбиқи лоиҳаи пилотӣ (тестӣ) вобаста ба ташкили таваққуфгоҳҳои пулакӣ ва насби камераҳои назорати мушоҳидавӣ дар ҳудуди кӯчаю роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе

Бо мақсади таъмини риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирии тамбашавӣ ва инчунин ба низом даровардани таваққуфи воситаҳои нақлиёт, бо инобати хулосаҳои аъзоёни Гурӯҳи корӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи пилотӣ (тестӣ) вобаста ба ташкили таваққуфгоҳҳои пулакӣ ва насби камераҳои назорати мушоҳидавӣ дар ҳудуди кӯчаю роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт»,

                                    ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Татбиқи лоиҳаи пилотӣ (тестӣ) вобаста ба ташкили таваққуфгоҳҳои пулакӣ ва насби камераҳои назорати мушоҳидавӣ дар ҳудуди кӯчаю роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе тибқи замимаҳои 1 ва 2 ба роҳ монда шавад.
  2. Қоидаҳои тартиби истифодабарии таваққуфгоҳҳои пулакӣ ва насби камераҳои назорати мушоҳидавӣ дар ҳудуди кӯчаю роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе тибқи замимаи 3 тасдиқ карда шавад.
  3. Нархнома ва реҷаи кори таваққуфгоҳҳои пулакии воситаҳои нақлиёт баъд аз мувофиқа бо сохтори ваколатдор аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» тасдиқ карда шавад.
  4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии рӯзномаи «Паёми Душанбе» ва «Телевизиони Душанбе» инъикоси васеъи Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма ба роҳ монанд.
  5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.

 

                                                          

                                                                             Рустами  Эмомалӣ

 

Илова кунед