Тоҷикӣ

ТАНТАНАҲОИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

21 Феврали 2020, Ҷумъа

шаҳри Душанбе, 21.02.2020. Имрӯз дар доираи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати таҷлил аз таъсисёбии 27-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 0123 -и Маркази таълимии "Пойтахт" чорабинии тантанавӣ ва Фестивали гулчини сурудҳои ватандӯстонаи "Таронаи сарбоз" доир гардид.

Дар чорабинӣ сарбозону афсарон бо намоядагӣ аз тамоми қисмҳои низомии ҳудуди шаҳри Душанбе, ҷавонони синни даъватӣ, волидайни сарбозон ва наврасон иштирок намуданд.

Нахуст дар чорабинӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун рамзи садоқату ватандорӣ садо дод.

Қисмати расмии чорабиниро муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода бо сухани муқаддимавӣ ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёнро аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати ин ҷашн табрику шодбош гуфт. Мавсуф таърихи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шароиту имконияти дар ин самт фароҳамшуда ва татбиқи бобарори сиёсати давлатии ҷавононро дар кишвар ва шаҳри Душанбе ёдоварӣ намуд.

Дар ин маросим ба сарояндагони сурудҳои ватандӯстона, як қатор сарбозону афсарон аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Қӯшунҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар чорабинӣ ва хизмати намунавию ибратбахш дар вазъияти тантанавӣ Сипоснома ва туҳфаҳо супорида шуд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби хунармандони оркестр ва ансамблҳои сохторҳои қудратӣ ва ҷавонони фаъол дастагули тарона ва сурудҳои ватандӯстона пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

Маврид ба таъкид аст, ки тадбирҳои тарғиботӣ ва фарҳангиву варзишӣ ба ин муносибат дар ташкилоту муассисаҳо ва қисмҳои низомии ҳудуди шаҳри Душанбе идома дорад.

Илова кунед