Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №150 АЗ 03.03.2020

03 Марти 2020, Сешанбе

Дар бораи ҷудо намудани маблағ

Бо мақсади ҳавасманд намудани занони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, муассисаҳои давлатии боғҳои фарҳангӣ - фароғатии шаҳрӣ, бонувон, фаррошони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки дар тозагию ободонии пойтахт ва биноҳои маъмурӣ саҳми арзанда доранд, дар доираи анъаноти шаҳрдорӣ бахшида ба «Рӯзи Модар» ва Иди байналмилалии «Наврӯз», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 

ҚАРОР МЕКУНАМ: 

  1. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе 3 192 000 (се миллиону яксаду наваду ду ҳазор) сомонӣ ҷиҳати ҳавасманд намудани занони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, муассисаҳои давлатии боғҳои фарҳангӣ - фароғатии шаҳрӣ, бонувон, фаррошони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мутобиқи замима ҷудо намояд.
  2. Муовинони Раиси шаҳри Душанбе Ҷумазода Ф. Т., Раҳимзода Т. К., Саидзода Ф. Ҳ., Гуреззода У. ва раисони ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе то 7 марти соли 2020 ҷиҳати дар фазои тантанавӣ дастрас гардонидани маблағҳои ҷудошуда ба шахсони тибқи рӯйхати замимагардида чораҳои зарурӣ андешанд.
  3. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблағҳои ҷудошударо бо тартиби муқарраргардида таъмин созад.
  4. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
  5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
  6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Илова кунед