Тоҷикӣ

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА "РӮЗИ МОДАР"

06 Марти 2020, Ҷумъа

ш.Душанбе. 06.03.2020. Имрӯз ба ифтихори "Рӯзи модар" бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Муассисаи давлатии "Душанбе-Плаза"-и пойтахт чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ доир гардид.

Дар он тақрибан 400 нафар бонувону модарон, фаъолзанон, кормандони сохторҳои гуногуни ҷумҳуриявию шаҳрӣ ва намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа иштирок намуданд.

Дар ибтидо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тамоми модарону бонувон ва ҳамватанонро ба ифтихори ин санаи фархунда, ки дар оғози фасли зебои баҳор ва дар арафаи соли нави аҷдодӣ таҷлил мегардад, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе самимона табрик гуфта, ба онҳо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рӯзгор орзу намуданд.

Тавре зикр гардид, модари тоҷик дар тӯли таърихи тӯлонии миллат ҳазорон нафар шахсиятҳои оламшумулу тамаддунсозро ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳри худ парвариш карда, дар замири онҳо беҳтарин хислатҳои инсонӣ - башардӯстиву ватанпарварӣ ва ҳунармандиву созандагиро ҷой намудааст ва  ин рисолати муқаддаси худро имрӯз низ бо иффату шараф идома мебахшад.

Имрӯз модари тоҷик роҳбари кордон, олиму донишманд, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ ва албатта, тарбиятгари фарзандон ва нуру гармии ҳар як хонадон аст.

Агар нури офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати зан – модар сарчашмаи зиндагӣ ва осоиши ҳар як хонавода аст.

Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи модар худ гувоҳи равшани мақому манзалати баланди модарону бонувони азизи мо дар ҷомеа ва нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба онҳо мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода,  ҷиҳати беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занону модарон, ҳифзи ҳуқуқи оила ва модару кӯдак, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагиву корӣ барои бонувону модарон ва муҳимтар аз ҳама, ҳарчи бештар ба раванди идораи давлат ҷалб намудани онҳо ва  баланд бардоштани нақши иҷтимоии занону бонувон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе тақрибан 70 ҳазор нафар бонувон дар сохторҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла 30 ҳазор нафар дар соҳаи тандурустиву маориф кору фаъолият доранд ва беш аз 30 фоизи онҳо мансабҳои роҳбарикунандаро ишғол мекунанд.  

Тавре гуфта шуд, бонувону хоҳарон ҳамчун сокинони пойтахт иқдомҳои созандаи шаҳрдориро ҳамеша дастгириву ҷонибдорӣ мекунанд ва дар амалӣ сохтани корҳои ободиву созандагӣ дар шаҳр, махсусан тозаву озода нигоҳ доштани муҳити шаҳр нақши беандоза доранд.

Модарону бонувони хирадманди мо бо қалби ҳассоси худ набзи ҷомеаи имрӯзаро хуб дарк менамоянд ва ба хотири иҷрои  рисолати пурмасъулияти хеш минбаъд низ барои тарбияи фарзандони худогоҳу ватандӯст саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Албатта мардуми соҳибфарҳанги тоҷик аз қадимулайём ба қадру мартабаи волои модар арҷ мегузоранд ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ то ба имрӯз яке аз беҳтарин суннатҳои миллии мо ба шумор меравад.

Дар ҷараёни чорабинӣ ба иштирокчиёни он туҳфаҳои Раиси шаҳри Душанбе тақдим гардид.

Ба ифтихори Рӯзи модарон бо дастури Раиси  шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳайати намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба аёдати беш аз 30 нафар бонувони фаъоли пойтахт, ки дар поягузорӣ ва рушду нумӯъи бахшҳои гуногуни ҷомеа нақши сазовори худро гузоштаанд ва модароне, ки дар тарбия фарзандони маъюб доранд, рафта, бо арзи эҳтиром туҳфаҳои Раиси шаҳри Душанберо эҳдо намуданд.

Дар арафаи ҷашн, чун анъана бахшида ба Рӯзи Модар ва Иди байналмилалии «Наврӯз» бо қарори Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати ҳавасманд намудани занони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, муассисаҳои давлатии боғҳои фарҳангӣ-фароғатии  шаҳр, бонувон- фаррошони дастгоҳи Раиси шаҳр  ва дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 3 миллиону 192 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки он дар фазои тантанавӣ ба бонувони бахшҳои зикршуда  тақдим гардид.

Дастагули мусиқии иборат аз суруду таронаҳои дилангез дар васфи зан-модар бо иштироки устодони санъат ва ҳунармандони ҷавон ба ин чорабинии хотирмони фарҳангӣ ҳусни анҷом бахшид.

 

 

 

 

Илова кунед