Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №376 АЗ 15.07.2020

17 Июли 2020, Ҷумъа

Дар бораи ташкил ва баргузории ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимотҳои мактабӣ дар шаҳри Душанбе 

Бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба либос ва лавозимотҳои мактабӣ бо дарназардошти фарорасии соли хониши солҳои 2020-2021, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ”

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М:       

  1. Аз санаи 15 июл то 15 августи соли 2020 ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимотҳои мактабӣ дар ҷойҳои муайяншуда (тибқи замима) бо риояи меъёрҳои мунтазами безараргардонӣ, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию зиддиэпидемиявӣ ва гигиенӣ, бо ташкил намудани долонҳои безараргардонӣ, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ ва ҳароратсанҷи масофавӣ ба роҳ монда шавад.     
  1. Муовинони Раиси шаҳри Душанбе (Муинӣ М.М., Гуреззода У., Ҷумазода Ф.Т.), раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе (Иброҳим Б, Усмонзода Ф.Т., Самӣ Ш.Ҳ., Салимзода Н.Ф.), дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳрию ҷумҳурияви   иштироки фаъолонаи истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони ватаниро дар ярмаркаи мазкур таъмин намоянд.
  2. Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати таҳияи лоиҳаи ангоравии ҷойҳои баргузории ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимотҳои мактабӣ дар шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешад.
  3. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе” тартиботи ҷамъиятӣ, риояи хизматрасонии ёрии таъҷилӣ, қоидаҳои зиддисӯхтор, санитарӣ-эпидемиологӣ ва таъмини доимии барқро дар доираи салоҳияти худ таъмин намоянд.
  4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси ҳамаҷонибаи муҳтавои қарори мазкур ва эълони баргузории ярмаркаҳоро таввасути васоити ахбори омма ба роҳ монад.
  5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҷумазода Ф.Т. гузошта шавад.    

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Илова кунед