Тоҷикӣ

ИФТИТОҲИ БИНОИ ШИФОХОНАИ МАРКАЗИ ҲАРБИИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯИ СИНО

29 Сентябри 2020, Сешанбе

шаҳри Душанбе, 29.09.2020. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ карданд.

Шифохонаи маркази ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ соли 1962-юм бунёд гардида буд ва бо дастури бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кутоҳ пурра навсозӣ гардида, ба талаботи замони муосир мутобиқ карда шуд.

Шифохона барои табобату муолиҷаи ҳайати шахсӣ ва хизматчиёну аскарони қӯшунҳои сарҳадӣ махсус гардонда шудааст ва имконияти табобати тамоми бемориҳоро дорад.

Бино аз 4 ошёна иборат аст ва дар он шуъбаҳои қабули беморон, ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, рӯҳ ва асаб, эҳёгарӣ ва мадҳушкунӣ, табобати дандон, ташхисгоҳ, озмоишгоҳи клиникӣ-биокимиёвӣ, вирусологӣ, утоқҳои рентген, ташхиси ултрасадо, кардиологӣ, амрози дарунӣ ва физотерапевтӣ мавҷуд мебошад.

Дар Шифохонаи марказии ҳарбӣ ҳамчунин дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳаи тиб, аз ҷумла дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, оксигенераторҳо, дастгоҳи махсуси тиббӣ барои тоза кардани роҳи нафаси беморон, дастгоҳи барқии санҷиши кори дил, санҷиши системаи асаб, дастгоҳи эндоскопӣ, кардиомонитор ва дигар таҷҳизот, ки истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи дунёст ва дар рафти амалиёти ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ босамар истифода мешаванд, васлу насб карда шудааст.

Дар маҷмуъ дар шифохонаи марказии ҳарбӣ 350 кати хоб мавҷуд аст, ки барои бистарӣ ва табобати беморон шароити зарурӣ фароҳам мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароити муҳайёшуда ва корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки дар ҳифзи марзу буми кишвар шабонарӯз заҳмат мекашанд ва амнияту суботи ҷомеаро таъмин менамояд, Ҳукумати кишвар баҳри беҳдошти саломатии далерони шуҷои Ватан чунин шароити ташхису табобатро муҳайё кардааст.

Ҳадаф аз навсозӣ ва бо дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ муҷаҳҳаз гардонидани Шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ, ки ба меъёрҳои байналмилалии беҳдошт ҷавобгӯ аст, иборат мебошад. Масоҳати умумии Шифохонаи марказии ҳарбӣ 7,5 гектар буда, дар ҳудуди он биноҳои ташхисию табобатӣ ва ёрирасон ҷойгиранд.

Соли ҷорӣ бо дарназардошти вазъи эпедимиявии ҷаҳони муосир дар шифохона барои муолиҷаи гирифторони бемории сироятӣ боз як бинои нав сохта ба истифода супорида шуд. Бинои нави дуошёнаи бемориҳои сироятӣ аз 43 ҳуҷра ва 70 кати хоб иборат буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти навтарини тиббӣ таъмин гардидааст, ки пурра ба меъёрҳои замони муосир ҷавобгӯ мебошад. Тамоми ҳуҷраҳои ин бино дорои катҳои хоб, дастгоҳҳои зарурии тиббӣ, утоқҳои алоҳидаи ёрирасон ва дигар шароити лозима мебошад.

Дар шифохонаи мазкур 6 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ мавҷуд аст, ки барои сари вақт интиқол додани беморон пешбинӣ гардидааст. Дар маҷмуъ дар Шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ 75 нафар фаъолият менамоянд, ки аксари онҳо мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб мебошанд. Минбаъд табибони ҳарбӣ ба афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ бо истифода аз катҳои функсионалӣ, ки қаблан мавҷуд набуд ва дигар таҷҳизоту дастгоҳҳои навтарини соҳаи тиб ба ташхису табобат фаро мегиранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои табобати афсарону сарбозон ва оилаҳои онҳо, ки ба табобат ва ёрии тиббӣ эҳтиёҷ доранд, супоришҳои қатъӣ доданд. Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат ба бунёди 6 қисм биноҳои истиқоматӣ, ки аз 16 ошёна иборат мебошанд ва ба хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ пешбинӣ шудааст, санги асос гузоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки дар биноҳои истиқоматӣ, ки 1, 2 ва 3 ҳуҷрагӣ мебошанд, барои буду бош ва зисти хизматчиёни ҳарбӣ беҳтарин шароит фароҳам оварда мешавад.

Биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар маҷмуъ 576 ҳуҷраро дар бар мегирад. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба фаъолияти босамари кормандони сохторҳои қудратӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи кору хизмат бештар гардида, заминаи моддию техникии ҷузъу томҳои мақомоти амнияти мамлакат бо техникаву таҷҳизоти зарурӣ мукаммал мегардад.

Масъулони Шифохонаи марказии ҳарбӣ нақша доранд, ки дар фурсатҳои наздик шуъбаҳои нави табобати бемориҳои занона, маризиҳои пуст ва зуҳравӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаро низ таъсис дода, ба эҳтиёҷмандон хизмати баландсифати тиббӣ расонанд.

Акнун, дар Шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ имконияти ҷарроҳии аксар намуди бемориҳо фароҳам оварда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои истифодаи пурсамари имкониятҳои фароҳамгардида дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Кормандони Шифохонаи марказии ҳарбӣ қитъаи замини назди шифохонаро самараноку оқилона истифода бурда, кишту парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзиро ба роҳ монданд. Тамоми роҳравҳои ҳудуди шифохона мумфарш шуда, айвон ва нишасткурсиҳо гузошта шудааст.

Илова кунед