Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №41 АЗ 29.01.2021

01 Феврали 2021, Душанбе

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2023 оид ба татбиқи “Стратегияи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2020, №526 “Дар бораи Стратегияи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”

ҚАРОР   МЕКУНАМ:

  1. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2023 оид ба татбиқи “Стратегияи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” тасдиқ карда шавад.
  2. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони сохторҳои дахлдори дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкур тадбирҳои мушаххас андешанд.
  3. Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози нақшаи чорабиниҳо муқаррар гардида, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ҳамасола то 1 феврал ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод намояд.
  4. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси муҳтавои қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.
  5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                                                                Рустами    Эмомалӣ

Илова кунед