Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №51 АЗ 02.02.2021

02 Феврали 2021, Сешанбе

Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба иҷрои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030»

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, №647 «Дар барои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солхои 2020-2030» ва риояи ҳатмии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимитяи давлатӣ»

                                                              ҚАРОР МЕКУНАМ:

 Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба иҷрои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» тибқи замима тасдиқ карда шавад.

  1. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Комиссия оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намоянд.
  2. Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҳамчун ҳамоҳангсоз аз натиҷаи иҷрои нақшаи чорабиниҳои номбурда ҳамасола ба унвонии Раиси шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод намояд.
  3. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
  4. Назорати иҷрои мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                                                                                      Рустами Эмомалӣ

Илова кунед